Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мебахшад ва агар бар камар бибанданд, шаҳвати ҷимоъро сокин мекунад, агар ҳаминаш матлуб бошад.

Қалъаиро бо равғани чарб карда бигузоранд, то ранги он ба равған гузарад, ин равғани ранггирифтаро ба ҳар оҳан, ки бимоланд, ҳаргиз дигар рангро намекапад.

Агар аз ин ангуштар сохта, ба ангушт гузоранд, баданро логар мегардонад. Агар қалъаиро ба дарахти самарнок биёвезанд, меваашро аз рехтан нигоҳ медорад.

Аз қалъай мил сохта, дар гӯши касе, ки симоб рехта бошанд, бигузоранд симобро ба худ часпонида берун меоварад.

  1. Сурб

Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон аз ӯзбекӣ гирифта кӯрғошим ҳам мегӯянд. Сурб фулуззи нарми зудгудоз аст, рангаш ба сиёҳии хокистарӣ моил мебошад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо равғани гулисурх ё бо оби барги коснии тар, ё оби барги зуф, ё оби барги тугмачагул, ё оби сагангур, ё оби ғӯраи ангур ва ë бо оби кашнизи тар соида, батакрор ба саратони решгашта бимоланд, шифо мебахшад; ба варамҳо бимоланд, онҳоро таҳлил медиҳад, ба захм ва дардҳои пайвандҳо бимоланд, шифо мебахшад.

Сурбро ба кафи даст молида, қафро сиёҳ гардонида, сиёҳии онро бо обҳои гиёҳҳои номбаршуда бишӯянду он оби шустаро ба чашм бимоланд, дарди чашм, сӯзиш ва кӯтури чашмро дарҳол сокин мекунад.

Чун сурбро бишӯянд ба ҳадде, ки сиёҳии он аз рӯяш зидуда гардад, баъд онро ба чашм кашанд, рети бадфиол ва раддии чашмро дафъ мекунад. Агар онро соида бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, хуни равонро манъ мекунад; ба кӯтур ва пучакҳо бимоланд, низ фоида дорад.

31 грамми онро бар миён бибанданд, ихтиломро, яъне ҳангоми хоб шайтонӣ шуданро манъ мекунад.

Агар сафҳаи (варақи) онро ба ғуддаҳо, ханозер гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад, асабҳои печхӯрдаро рост мегардонад, варамҳоро пас мегардонад.

пешина
аз 702
навбатӣ