Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Чун ҷавони сиҳат ва дар камоли қувват 31 грамм ё 52 грамм ва ё 63 грамми онро бар камари худ то 4—5 рӯз бибандад, бинобар шиддати сардии мизоҷ ва хушкии мизоҷаш, шаҳвати мардии онро тамоман нест мегардонад, яъне аз хислати марднаш маҳрум мегардонад.
17,5 грамми онро дар зери болини касе дафн кунанд, ки худаш надонад, хобҳои парешон мебинад.
25 грамми онро сафҳа карда, дар кӯзаи обнадида андохта, вақте ки сайёраи Зуҳал дар баландии фалак бошад, дар миёни дарахтон дафн кунад, дарахтон аз ҳамаи офатҳо манъ месозад.
- Хокистар
Ин маълум аст, ки ҷисмҳо сӯхта мисли хок мегарданд. Хокистар аз ҳар ҷисме, ки бошад, хосияташ ба он мансуб аст, яъне аз чӯби ток бошад, хокистари ток, аз чӯби тут бошад, хокистари тут ва ғайра меноманд. Беҳтарини хокистарҳо аз чӯби дарахти солхӯрда хосилгаштан он аст.
Мизоҷаш хушки моил ба ҳарорат. Мизоҷи хокистари ҳар ҷисм ба асл — худи он вобаста аст.
Хислатҳои шифобахши он: хокистарро бо сирко хамир сохта гузошта банданд, байзаро, ки дарди тамоми сар ва муттасилгиранда ва дарди нимсарро шифо мебахшад, варамҳоро таҳлил медиҳад, ҷонварони заҳрнок ва саги девона газида бошанд, дору мешавад.
1,75 грамми онро бо об биёшоманд, захм ва ҷароҳати гурдаро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.
Чун бо натрун (танакори арманӣ, яъне танакори сурх) ва сирко сиришта, ба гӯшти зоиди пӯсти хояҳо гузошта банданд, онро дафъ мекунад; бо равғани зайтун ё равғани кӯҳна ва асал хамир карда гузошта банданд, даридани мушакҳо, суст ва нотавон гаштани пайвандҳо ва шах шудани асабҳоро ба ибро меоварад.
Истеъмоли хокистар ба дарун барои шуш зарар дорад — дар ин ҳолат катиро бояд хӯрд, ки ислоҳи зарар намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз хокистар дар як рӯз то 1,75 грамм аст.
- Хокистари най.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор