Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ба ҳаракат месоварад, гӯё ки кавша мекарда бошад, дардаш сокин мегардад -- ин аҷиб аст.
Агар закари онро дар кӯзаи обнадида андохта, ба оташ гузоранд, ки қариб ба сӯхтан расад, баъд онро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, ба сар бимоланд, мӯй мерӯёнад ва онро дароз мекунад.
- Кабутар
Ин мургест ба ҳама маълум, навъҳои хонагӣ ва ҳам саҳроӣ дорад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст. Вале мизоҷи саҳрояш гармтар ва хушктар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти онро ба ҳар тариқ, ки бошад, пухта бихӯранд, бемориҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), қаҷ шудани рӯй, ларзак, суст ва нотавон шудани узвҳоро шифо мебахшад. Хуни солим аз хӯрдани он ҳосил мешавад; истисқои (водянкаи) обдор ва бодиро дафъ мекунад; баданро фарбеҳ мегардонад; гурда ва бохро қавӣ месозад, манӣ ҳосил мекунад.
Сангдони нав кушташудаи онро аз олоиши дарунаш пок карда, кӯфта бихӯранд, таъсири захри морро аз бадан дур мекунад, агар газида бошад.
Бачаи кабутарро бе обу намак дар равғани кунҷид пухта бихӯранд, санги гурда ва ҳичакро ҳамон соат майда карда мерезонад.
Хунашро ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро, ки аз пардаҳои мағзи сар меомада бошад, қатъ мекунад. Аз хуни хушки он ба андозаи боқило бихӯранд, инчунин хуни гармогарми онро ба ҷароҳати сар бимоланд ё бирезанд, агар ҷароҳат ба устухони сар расида бошад, дору мешавад.
Аз бачаи кабутари нав парбароварда парашро бикананд ва аз ҷои парканда хун таровиш мекунад. Ҳамон хунро дар чашм чаконанд, барои ҷароҳатҳои чашм, хун хоб рафтан, пардаеро, ки чашмро торик мегардонад, пардаи дудмонанди чашм ва шабкӯриро даво мебошад.
Мизоҷи саргинаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Инро аз 3,5 то 10,5 грамм дар як рӯз бихӯранд, барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё