Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Масалан, агар ки «Ин қалам сиёҳ аст» ва «Ин қалам сиёҳ нест» гӯем, дар ин ҷо муҳокимаи дуюм маънои ҳамаи муҳокимаҳои муқобили муҳокимаи якум бударо дар бар мегирад. Аниқтараш муҳокимаи «Ин қалам сиёҳ нест» дорои маънои «Ин қалами сурх аст», «Ин қалам кабуд аст» ва ҳоказо мебошад. Пас, дар ин ҷо фикри сеюм истисно карда мешавад.

Қонуни зиддият бошад, нисбат ба ҳар ду навъи ин муҳокимаҳо — муҳокимаҳои баҳамзид ва муҳокимаҳои баҳам муқобил амал мекунад.

Қонуни истиснои салоса бо формулан зерин ишора карда мешавад:

«A v Ā»

Қонуни истиснои салоса инъикоси ҷиҳатҳои муайяни воқеият мебошад. Дар олами моддӣ дар айни замон дар предмет ягон хусусият ё вуҷуд дорад ё вуҷуд надорад. Ин ҷиҳатҳои воқеиятро маҳз қонуни мантиқӣ инъикос менамояд.

Қонуни истиснои салоса талаб мекунад, ки ду фикр, муҳокимаи баҳамзид дар айни замон набояд ҳақ шуморида шавад. Ин талаби қонуни истиснои салосаро иҷро карда, дар вақти хулосабардорӣ, исботкунӣ ва инкор фикрҳои баҳамзидро ҳақ нашуморидан яке аз шартҳои тафаккури мантиқӣ мебошад.

Қонуни истиснои салоса ҳақ ё дурӯғ будани муҳокимаи алоҳида гирифташударо муайян карда наметавонад. Ҳақ ё дурӯғ будани муҳокимаи алоҳида гирифташударо қонуни чоруми мантиқ — қонуни асоси басанда нишон медиҳад.

§ 5. ҚОНУНИ АСОСИ БАСАНДА

Қонуни асоси басанда таълим медиҳад, ки ҳар як фикри ҳақ асос дорад. Бинобар ин, барои ҳақ донистан ҳар як фикр, муҳокима, назария бояд асоснок карда шавад. Фикр, ё муҳокимаи ки асос надорад, ҳақ намебошад.

Барои асоснок кардани ин ё он фикр — фикр ва муҳокимаҳое, ки аз ин пеш мантиқан ё ба воситаи таҷриба, ё бо амалия исбот карда шудаанд, оварда мешаванд. Ба ҳар як гуфтор набояд бовар кард, бояд асоснокӣ, исботнокии он муайян карда шавад. Масалан, барои асоснок кардани муҳокимаи «Системаи интихоботии СССР системаи дар ҳақиқат демократӣ мебошад» ба сифати асос фикрҳои зерини дар амал исботгардида: «Ҳамаи гражданинҳои мамлакати мо қатъи назар аз моликияти хусусӣ доштан ё надоштанашон, касбу ҳунар, партиявият, миллату ҷинс ва нажодашон ҳуқуқи интихоб шудан ва интихобот доранд» далел оварда мешавад.

Асоснокии фикр дар бораи мантиқан дуруст будани он шаҳодат медиҳад ва, баръакс, беасосии он — бемантиқии фикрро нишон медиҳад.

пешина
аз 192
навбатӣ