Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

БОБИ VII

ХУЛОСАБАРОРИҲОИ ДЕДУКТИВИИ
СИЛЛОГИЗМИ ҚАТЪӢ

§ 1. ТАЪРИФИ УМУМИИ СИЛЛОГИЗМ

Яке аз навъҳои хулосабарории бавоситаи дедуктивӣ силлогизм мебошад. Силлогизм хулосабарории бавосита аст, зеро дар вай аз ду муқаддима хулоса бароварда мешавад. Дар силлогизм яке аз муҳокимаҳои муқаддимавӣ нисбат ба муҳокимаи хулосавӣ аз ҷиҳати ҳаҷм умумитар мешавад.

Бинобар ин, дар силлогизм аз муҳокимаи умумӣ ба муҳокимаи ҷузъӣ мегузаранд. Аз ин сабаб силлогизм хулосабарории дедуктивӣ мебошад.

Дар таркиби силлогизм се муҳокима мавҷуд аст. Аз ин муҳокимаҳо дутоаш муқаддима буда, муҳокимаи сеюм, ки аз муқаддимаҳо бароварда мешавад, хулоса ном дорад. Ин се муҳокимаи таркибии силлогизм аз се мафҳум иборат аст. Ин мафҳумҳои таркибӣ — терминҳои силлогизм ном доранд. Термине, ки ҷои мубтадоро дар хулоса ишғол менамояд, термини хурд ва термине, ки ҷои хабари хулосаро ишғол менамояд, термини калон ном дорад. Муқаддимаеро, ки дар таркиби он термини калон вуҷуд дорад, муқаддимаи калон меноманд ва муқаддимаеро, ки дар таркиби он термини хурд мавҷуд аст, муқаддимаи хурд ном дорад. Термине, ки дар ҳар ду муқаддима — муқаддимаи калон ва муқаддимаи хурд — вуҷуд дошта, муносибати байни терминҳои калон ва хурдро муайян менамояд, термини миёна ном дорад. Термини миёна дар силлогизм роҳи муҳимро мебозад. Ин термин дар ҳар ду муқаддима вуҷуд дошта муносибати байни терминҳои калон ва хурдро нишон медиҳад. Терминҳои калон ва хурдро одатан терминҳои канорӣ меноманд.

Азбаски муқаддима ва хулосаи ин хулосабардорӣ муҳокимаҳои соддаи қатъӣ мебошанд, худи ин хулосабардорӣ ҳам силлогизми соддаи қатъӣ ном дорад.

Терминҳои силлогизмро одатан дар илми мантиқ бо ёрии ҳарфҳои лотинӣ ишора менамоянд. Термини калонро бо ҳарфи P, термини хурдро бо ҳарфи S ва термини миёнаро бо ҳарфи M ишора менамоянд.

пешина
аз 192
навбатӣ