Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Хеҷ як асари фоҷиавӣ (М) асари мазҳакавӣ (Р) намебошад.
«Отелло» (S) асари фоҷиавӣ (М) мебошад.
ПАС, «Отелло» (S) асари мазҳакавӣ (Р) намебошад.
Ин муносибати ҳаҷми терминҳои М, Р ва S-ро бо ёрии чор-
Расми 16.
кунҷаҳо ифода менамоем (Нигар ба расми 16).
Чунин аст, мазмуни аксиомаи силлогизм.
§ 3. ШАКЛҲОИ СИЛЛОГИЗМ
Дар таркиби муқаддимаҳо термини миёна ҷои гуногунро ишғол менамояд. Термини миёна метавонад ба ҷои мубтадои муқаддимаи хурд ва ба ҷои хабари муқаддимаи калон, дар ҳар ду муқаддима ҳам ба ҷои хабар ё ба ҷои мубтадо ояд. Мавқеи термини миёнаро дар муқаддимаҳо ба назар гирифта, чор шакли силлогизмро аз якдигар фарқ мекунанд.
Дар шакли якуми силлогизм термини миёна ба ҷои мубтадои муқаддимаи калон омада, дар муқаддимаи хурд ба ҷои хабар меояд. Масалан:
Ҳамаи аъзоёни бригадаҳои меҳнати коммунистӣ (М) пешқадамони истеҳсолот (Р) мебошанд.
Ин рафиқон (S) аъзои бригадаҳои меҳнати коммунистӣ (М) мебошанд.
ПАС, ин рафиқон (S) пешқадамони истеҳсолот (Р) мебошанд.
Шакли якуми силлогизм бо формулаи зерин ишора карда мешавад:
Дар шакли дуюми силлогизм термини миёна дар муқаддимаи калон ва ҳам дар муқаддимаи хурд ба ҷои хабар меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё