Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
БОБИ IX
ҚИЕС
(Аналогия)
§ 1. МАФҲУМИ ҚИЕС
Маънии луғавии қиёс муқоиса мебошад. Қиёс барои муайян намудани монандӣ ва фарқи предмет ва ҳодисаҳои омӯхташаванда дар кори амалии ҳаррӯза ва илмӣ-тадқиқотӣ васеъ ба кор бурда мешавад. Вале танҳо муқоиса намудани ду предмет ё ҳодиса маънои хулоса бароварданро надорад. Баъзан бо мақсади ошкор кардани монандӣ ва тафовути ду ҳодиса муқоиса кор фармуда шуда, вале аз он ҳеҷ як хулоса бароварда намешавад.
Дар илми мантиқ ғайр аз ин маънои оддии муқоиса навъи махсуси хулосабарорӣ мавҷуд аст, ки онро хулосаи қиёсӣ меноманд.
Қиёс чунин хулосабарориест, ки дар вай дар асоси монандии ду предмет ва ҳодиса аз як ҷиҳат, хусусиятҳо дар бораи монандии ҳамон предметҳо, ҳодисаҳо аз дигар ҷиҳат хулоса бароварда мешавад.
Дар вақти хулосабарорӣ ба воситаи муқоиса монандии ду предметро ба асос гирифта, хулосаи тахминӣ бароварда мешавад, ки ин предметҳо аз дигар ҷиҳатҳо ҳам монанданд.
Масалан, ба воситаи муқоиса чунин хулоса бароварда мешавад, ки дар сайёраи Марс ҳаёт ва табиати органикӣ вуҷуд дорад.
Сайёраи Марс бо Замин аз якчанд ҷиҳатҳо монанд аст. Дар сайёраи Марс ҳам монандӣ Замин атмосфера (ҳаво, фишори он) шабу рӯз, тобистону зимистон мешавад, дар вақти баҳору тобистони рӯи сатҳи Марс кабуд шуда, дар тирамоҳ зард мешавад ҳоказо. Аз ин хулоса мебарояд, ки дар сайёраи Марс ҳам мисли Замин, эҳтимол, табиати органикӣ вуҷуд дошта бошад.
Ин хулосаи қиёсиро таҳлил карда мебинем, ки дар он пеш аз ҳама нишонаҳои монандии ду предмет (Замин ва Марс) ба қайд гирифта шудааст, ғайр аз ин яке аз ин предметҳо дорои чунин нишонае мебошад, ки инчунин оид ба предметҳо аз дуввум хос будани ҳамин нишона номаълум аст. Аз ин сабаб ҳукмҳои инъикоскунандаи қиёс ҳамчунин инс-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё