Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

пас, вай давраи тараққии ҳозиразамони мантиқ ба шумор меравад.
Мантиқи математикӣ ҳамчун як қисми мантиқи шаклӣ дар асри XIX ба миён омад. Таълимоти мантиқи математикиро мантиқшинос ва философ Лейбниц кор карда баромадааст. Лейбниц барои тартиб додани ҳисобкуниҳои мантиқӣ саъю кӯшиш карда буд. Асосгузори мантиқи математикӣ, математики англис Ҷ. Бул буд, ки тадқиқотҳои ӯро математики немис Э. Шредер, математики рус П. С. Порецкий ва дигарҳо давом додаанд.
Мантиқи математикӣ дар асоси математикаи замони ҳозира тараққӣ карда бошад ҳам, аммо масъалаҳои он характери мантиқӣ доранд.
Мантиқи математикӣ чунин масъалаҳоро ба миён гузошта ҳал менамояд, ки онҳо дар мантиқи умумӣ дида намешаванд.
Чунончи, ин фан дар баробари омӯхтани ҷиҳати шаклии ҳисобкуниҳои мантиқӣ (синтаксиси мантиқӣ), мафҳумӣ, маънои ифодаҳои забони аниқ таҳлил мешавад (семантикаи мантиқӣ).
Мантиқи математикӣ дорои аҳамияти назарӣ мебошад. Ин фан исбот намуд, ки воситаҳои мантиқии илм бо мазмуни соҳаи тадқиқшаванда вобаста аст.
Мантиқи математикӣ бо роҳҳои гуногун дар соҳаи техника татбиқ карда мешавад. Агар муваффақиятҳои мантиқи математикӣ ба вуҷуд намеомаданд, ихтироъ намудани машинаҳои мантиқии (информатсионӣ) замони ҳозира имконнопазир мебуд.
Мантиқи математикӣ бо математикаи машинӣ, назарияи автоматҳо, кибернетика ва лингвистикаи математикӣ вобаста аст, ки ин соҳаи илм ва техника дорои аҳамияти бузурги амалӣ мебошад.

§ 8. АҲАМИЯТИ ИЛМИ МАНТИҚ

Барои дуруст сухан рондан, бе хато навиштан ва дуруст муҳокима рондан бояд ҳар як одам таълими забонро аз худ кунад, қоидаҳои грамматикиро дониста гирад. Баъзе шахсон қоидаҳои грамматикаро надонанд ҳам, дар баъзе мавридҳо фикрашонро дуруст баён карда метавонанд. Вале, агар ин шахсон қоидаҳои грамматикиро бошуурона ва чуқуртар аз худ намоянд, ҳеҷ гоҳ ба хатоҳо роҳ намедиҳанд ва бо камоли боварӣ сухан меронанд.
Барои дуруст фикр кардан, аз фикрҳо, гуфтаҳои худ хулосаи ҳақ бароварда тавонистан ва фикру муҳокимаҳои ҳақро исбот карда, ақидаҳои дурӯғро рад кардан, бояд мо илми мантиқро омӯзем ва конуну қоидаҳои мантиқиро дониста гирем.
Олими машҳур ва мантиқшиноси тоҷик — Насриддини Тӯсӣ мегӯяд, ки сохтани тахт ба шахсе, ки ҳунар ва таҷрибаи наҷҷорӣ надорад, супорида шавад, шояд ӯ барои сохтанаш душвориҳои зиёде кашад. Аммо сохтани ҳамон тахт ба наҷҷори мохире

пешина
аз 192
навбатӣ