Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
В. И. Ленин аҳамияти мантиқро барои тафаккур нишон дода, ба шахсоне ки қонунҳои мантиқро дар муҳокимаронӣ ва хулосабарориҳо ва исботкуниҳо вайрон мекарданд, зарурияти донистани мантиқро таъкид менамуд. Чунончи, В. И. Ленин мантиқан нодуруст будани фикрҳо, ақидаҳои вакилони бурҷуазӣро ошкор намуда, аз «Фауст» ном асари нависандаи машҳури немис Гёте суханони зеринро оварда буд:
«Дӯсти азизам, ба шумо маслиҳат ҳамин, ки аввал мантиқро омӯзед» 1.
Қонунҳои мантиқро донистан ва талаботи онҳоро дар рафти тафаккур иҷро кардан, барои мунтазам, саҳеҳ ва равшан ифода кардани фикр аҳамияти калон дорад. Касе ки дуруст, бе хато ва равшан фикр мекунад, вай фикрҳояшро ҳам дуруст ва равшан ифода мекунад. Ин ақида, бешубҳа, маълум аст, зеро фикр бо нутқ алоқаи узвӣ дорад.
Барои донишҷӯён донистани қонунҳои мантиқ аҳамияти хеле калон дорад, чунки ба талаботи қонунҳои мантиқ риоя кардан — қобилияти онҳоро ба дониш ва қобилияти фикрии онҳоро инкишоф медиҳад.
Яке аз талабагони мактаби миёна дар бораи аҳамияти илми мантиқ навиштааст: «Ман фаҳмидам, ки бе мантиқ, бе тафаккури мантиқӣ, бе системаи фикрҳо ҳеҷ як илм вуҷуд дошта наметавонад. Илм аз ҳар ҷиҳат ба далел ва исбот асос ёфтааст. Исботҳо бошанд — натиҷаи тафаккури мантиқӣ, натиҷаи мушоҳида ва таҷрибаанд. Менделеев бе мушоҳида ва таҷриба, бе тафаккури мантиқӣ, ҷадвали даврии элементҳои химиявиро тартиб дода наметавонист. Бе тафаккури мантиқӣ кашфиётҳои бузурги илмӣ мумкин набуд» 2.
ПАС, омӯхтани қонуну қоидаҳои мантиқӣ, шарти асосии тафаккури равшан, муайян ва мунтазам мебошад.
§ 9. МУХТАСАР ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ МАНТИҚ
Мантиқ яке аз илмҳои қадимтарини аст, бинобар ин фани мазкур таърихи дуру дарозе дошта, вай бисёр асрҳоро дар бар мегирад.
Таълимот дар бораи шакл ва қонунҳои тафаккур бо пайдоиши донишҳои ибтидоии инсон ба вуҷуд меояд. Азбаски дар дунёи қадим философия дигар донишҳои илми алоҳидаи конкретиро дар бар мегирифту илми мантиқ бо масъалаҳои назариявии дониш алоқаи узвӣ дошт, бинобар ин бисёр мутафаккирони гузашта мантиқро илми фалсафӣ мешумориданд. Аз ин сабаб дар маънидодкунӣ ва шарҳ додани масъалаҳои мантиқӣ, масалан, дар бораи моҳияти тафаккур, шакл ва қонунҳои он дар
1 В. И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 23, саҳ. 30.
2 Журнали «Советская педагогика», соли 1948, № 9.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё