Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Шарқ Абӯ Насри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Абӯл Баракоти Бағдодӣ, Умари Хайём, Фахриддини Розӣ ва Насриддини Тӯсӣ аҳамияти калон доранд.
Ин олимони машҳури мо таълимоти илмии замони худро ба асос гирифта, якчанд масъалаҳои мантиқиро инкишоф додаанд.
Философ ва донишманди барҷастаи давраи феодализм Абӯ Насри Форобӣ (873—950) дар як қатор осорҳояш: «Китоб тотель», рисола оид ба «Муносибати байни Аристотель ва Гален», «Манбаъҳои философӣ», «Рисола дар бораи ақл», «Пеш дар бораи дигар масъалаҳо» таълимоти мантиқии худро низ баён намудааст.
Мутафаккири бузург Форобӣ асари мантиқии Аристотель «Органон»-ро шарҳ дода, таълимоти мантиқии худро дар яке аз қисмҳои китобаш «Эҳсон-ул-улум» баён намудааст.
Яке аз бузургтарин олим, философ ва мантиқшиноси халқҳои Осиёи Миёна Абӯалӣ ибни Сино (980—1037) мебошад. Ин олими барҷаста тамоми донишҳои пешқадами гузашта ва замони худро омӯхта оид ба соҳаҳои гуногуни илмҳо асарҳои сершумор навиштааст. Ибни Сино мантиқи юнониён, аз ҷумла мантиқи Аристотель, таълимоти мантиқии халқҳои Шаркро аз худ намуда, оид ба ин фан якчанд асарҳо эҷод менамояд.
Дар асарҳои «Шифо», «Наҷот», «Донишнома», ки он ба забони тоҷикӣ-форсӣ навишта шудааст, фикрҳои мантиқии худро баён намуда дар айни ҳол, хусусиятҳои забони тоҷикӣ-форсиро бо таълимоти мантиқиаш вобаста мекунад.
Ибни Сино бар хилофи баъзе философон, ки тарзи омӯхтани ин фанро нодуруст шарҳ медиҳанд, чунин навиштааст: «Мантиқ илмест, ки зеҳнро дар ҳар тасаввур ва тасдиқ аз ҳар гуна хатоҳо ҳифз мекунад». Ибни Сино мегӯяд, ки мантиқ воситаест, ки роҳи дониста гирифтани фикрҳои ҳақиқиро муайян мекунад. Аҳамияти ин илмро барои тафаккури дуруст ва дониши ҳақ шарҳ дода Ибни Сино менависад, ки муносибати мантиқ бо тафаккур чун муносибати сарфу наҳв (грамматика) ба калом (луғат) ва ё арӯз ба шеър аст. Агар ҳуши солим ба сарфу наҳв ва арӯз вуҷуд дошта бошад, вале ҳуши инсонӣ ба ҳар шакле ки бошад, бе илми мантиқ вуҷуд дошта наметавонад. Нисбат ба мантиқшиносони ғарбӣ Ибни Сино ба тадқиқ намудани масъалаи исботи мантиқӣ бештар аҳамият медиҳад. Вай таълимоти худро дар бораи исбот (бурҳон) баён намуда, 13 асоси мантиқӣ ба кор бурда мешаванд. Таълимоти Ибни Сино на танҳо дар бораи исбот, балки дар бораи мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ ҳам бо фикру мулоҳизаҳои нави худ аз таълимотҳои мантиқии дигар мантиқшиносон ба куллӣ фарқ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё