Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
ва дар бораи форамии овози шунидаистода эҳсос пайдо мешавад. Бинобар ин, эҳсос чунин шакли донишест, ки вай ин ё он хосият, нишонаи предмет ва ҳодисаҳои конкретиро инъикос менамояд.
Вале дар олами моддӣ ин ё он хосият ва нишонаҳои алоҳида аз ҳамдигар ҷудо нестанд, балки предмет ва ҳодисаҳоеанд, ки онҳо бо якдигар алоқаманд буда, ба ҳар кадомашон маҷмӯи хосиятҳо ва нишонаҳои муайян хос мебошад. Инсон одатан бо ёрии органҳои ҳиссиёташ бештар ин ё он хосияти алоҳидаро не, балки предмет ва ҳодисаҳои бутуне, ки дорои бисёр хосиятҳо, нишонаҳо мебошанд, инъикос менамояд. Ҳамон донише, ки вай инъикоси предмет, ҳодисаи бутун мебошад, идрок ном дорад. Чунончи, талаба дар синф истода, ҳаҷм, равшанӣ, сохт ва дигар нишонаҳои синфро бо ёрии органи ҳиссиёташ инъикос намуда, дар бораи синф дониши пурра пайдо намояд — ин идрок мешавад. Дар идрок ҳамаи эҳсосот ҷамъбаст, муттаҳид гардонида мешавад. Идрок аз маҷмӯи эҳсосот ташкил меёбад.
Пас идрок шакли дуввуми донишест, ки ба воситаи қувваҳои ҳиссиёт ба вуҷуд меояд.
Одам на фақат дар бораи он чизҳое ки онҳоро дар айни замон ҳис мекунад, дониш дорад, балки дониши ӯ дар бораи он чизҳо ҳам, ки аз пеш бо ёрии органҳои ҳиссиёташ қабул карда буд, донише ҳосил мекунад. Чунончи, мо метавонем намуду шакли Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанберо, ки чанд рӯз муқаддам дар он ҷо шуда ҳис карда будем, ҳоло дар шуури худ барқарор намоем. Чунин шакли донишро тасаввур меноманд. Бинобар ин тасаввур донишест, ки вай аз ин пеш дар шуури инсон бо ёрии органҳои ҳиссиёташ дар натиҷаи ба вуҷуд омадани эҳсосҳо, дарк карда шудани предметҳо, ҳодисаҳо пайдо шуда, дар айни ҳол аз назар дур шудааст ва метавонад аз нав барқарор гардад.
Тасаввур шакли нисбатан мураккабтари дониши ҳиссии одам мебошад, зеро бо ёрии тасаввур на фақат предмет ва ҳодисаҳои яккаю конкретӣ инъикос карда мешаванд, балки ин шакли дониш метавонад гурӯҳи муайяни предмет ва ҳодисаҳоро ҳам инъикос намояд. Чунончи, мо на фақат дар бораи китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, балки дар бораи умумияи китобхона тасаввур дорем. Умуман китобхонаро тасаввур карда истода, нишона, хосиятҳои якчанд китобхонаҳои ба ин монандро, ки аз ин пеш бо ёрии органҳои ҳиссиёт қабул карда будем, ба пеши назар оварда, намуди умумии онҳоро дар шуурамон барқарор менамоем. Бинобар ин, тасаввур ҳамчун шакли нисбатан мураккабтари дониш лаҳзаҳои умумӣ вуҷуд доранд.
Дар зиндагонӣ, дар ҳаёти ҳаррӯза инсон ба воситаи тасаввуроташ бо ҳамдигар муносибат мекунад. Пас, инсон бо ёрии
органҳо — қувваҳои ҳиссиёташ хосият, нишонаҳои предмет ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё