Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳодисаҳои олами моддӣ, ки аз шуур берун ва ба он новобаста вуҷуд дорад, дар майнаи худ инъикос намуда, дар бораи онҳо эҳсос, идрок ва тасаввур пайдо мекунад.

Аммо дар олами моддӣ, дар табиат ва ҷамъият, ин предмет ва ҳодисаҳо ҳамеша дар ҳаракат, тағйирот ва инкишоф буда, ба онҳо қонунияти тағйирот ва тараққиёт хос мебошанд. Ин гуна ҳаракат, тағйирот, инкишофи предмет ва ҳодисаҳоро, моҳият ва қонунияти тараққиёти онҳоро одам ҳис карда наметавонад. Моҳият ва қонуниятҳои инкишофи предмет ва ҳодисаҳоро бо ёрии органҳои ҳиссиёт бевосита инъикос намуда, дар бораи онҳо дониш пайдо карда наметавонем. Барои дониста гирифтани моҳият ва қонуниятҳои инкишофи ҳодиса инсон бояд фикр кунад. Масалан, аз илми физика ба мо маълум аст, ки шуоъҳои офтоб дар як сония 300 000 км ҳаракат мекунанд.

Оё ин гуна ҳаракати шуоъҳо барои тасаввур кардани одам имконнопазир аст? Ин донишро дар бораи ҳаракати шуоъҳои офтоб инсон ба воситаи тафаккур пайдо кардааст. Инсон дар бораи қонуниятҳои тараққиёти табиат ва ҷамъият дониш дорад. Ҳамаи ин донишҳо, ки моҳият ва қонуниятҳои предмет ва ҳодисаҳои олами моддиро инъикос мекунанд, ба воситаи тафаккур ба амал омадаанд.

Тафаккур шакли олии дониш мебошад.

Тафаккур монандӣ эҳсос, идрок ва тасаввур инъикоси олами моддии аз шуур берун ва ба он новобаста мебошад. Вале дар айни замон тафаккур аз донишҳое, ки бо ёрии органҳои ҳиссиёт пайдо карда мешаванд, ба куллӣ фарқ дорад. Эҳсос, идрок ва тасаввур чунин донишҳое мебошанд, ки онҳо предмет ва ҳодисаҳои атрофи муҳитҳо бевосита инъикос менамоянд. Аз ҳамин сабаб сиҳо донишҳои бевосита ном доранд. Тафаккур бошад, инъикоси бавосита ва умумият додашудаи олами моддӣ мебошад.

Тафаккур ҳамеша дар асоси донишҳои бевосита — эҳсос, идрок ва тасаввур ба амал меояд. Одам фикр карда истода, ба он фактҳо, донишҳое ки бо ёрии органҳои ҳиссиёташ пайдо карда буд, истинод мекунад. Бе эҳсосу тасаввур тафаккур ба амал намеояд. Асоси тафаккур эҳсосот аст. Дар ин ҷо эҳсосот барои ба амал омадани фикр ҳамчун восита хизмат мекунад.

Одам бо ёрии тафаккур дониста мегирад, ки процесҳои дохили ядрогӣ қонуниҳои ба худ хос доранд. Масалан, раъду барқ дар байни худ алоқаи сабабӣ доранд, навъҳои растаниҳо ва ҳайвонотро мувофиқи мақсад тағйир додан мумкин аст. Ҷамъияти коммунистӣ ҳам дар асоси қонунҳои махсуси худ инкишоф меёбад. Вале барои он ки дар бораи процессҳои дохили ядрогӣ дониш пайдо шавад, одам бояд ин ё он процесси дохили ядрогиро мушоҳида намуда, тадқиқ кунад. Барои алоқаи сабабии раъду барқро фаҳмидан, ин ё он раъду барқро

пешина
аз 192
навбатӣ