Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
гардида, балки онҳоро мо дар дохили муҳокимаҳои «Нависандагони советӣ инженерони рӯҳияи инсонӣ мебошанд», «Муборизони сулҳ одамони пешқадами замони ҳозираанд», «Ҳуқуқшиносони советӣ — қӯрқунони давлатӣ мебошанд», «Муфаттишони советӣ — ҳомиёни қонунҳои Давлати Советӣ мебошанд» ва ғайра дида метавонем. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои мафҳум аз он иборат аст, ки вай узвҳои таркибӣ, қисмҳои таркибии муҳокима мебошад. Лекин мафҳум ҳамеша ва танҳо вазифаи қисми таркибии муҳокимаро иҷро намекунад. Мафҳумро ҳамчун фикри алоҳидаи мустақил берун аз таркиби муҳокима ҳам дидан мумкин аст.
Вазифаи мафҳум боз аз он иборат аст, ки вай фикри ифодашаванда ва натиҷаи тадқиқоти дуру дароз ва чуқури илмӣ, ва, чун натиҷаи чандин муҳокимаҳо, хулосабарориҳо, исботҳо ҳам мебошад. Мафҳумҳои забон, грамматика, синтаксис, давлат, синф, формацияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ, коммунизм, атом, электрон, қонуни ҷозиба ва ҳоказоҳо дар натиҷаи тадқиқотҳои илмии чуқури дуру дароз ба миён омадаанд. Масалан, эҷодкунандагони таълимоти марксистӣ барои пайдо намудани мафҳуми «давлат» таърихи ҷамъиятҳои инсонӣ, давлатҳо, формацияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодии гуногун, моҳият ва вазифаҳои давлатҳои гуногуни таърихиро чуқур ва ҳамаҷониба тадқиқ намудаанд.
Дар физикаи замони ҳозира мафҳумҳои атом, электрон ва ғайра баъд аз тадқиқ намудани сохт ва хусусиятҳои гуногуни модда, дар натиҷаи таҷрибаҳои сершумори илмӣ, ба вуҷуд омадааст. Маҳз аз ҳамин сабаб В. И. Ленин таъкид намуда буд, ки мафҳум натиҷаи инкишофи илм аст, ӣ бошад, хусусияти муҳимми вай мебошад.
Ин таълимот на фақат ба табиатшиносӣ, балки ба дигар фанҳо ҳам тааллуқ дорад; пас метавон гуфт, ки натиҷаҳои ҳар як илм, хоҳ вай илми табиатшиносӣ бошад, хоҳ илми ҷамъиятшиносӣ — онҳо мафҳумҳо мебошанд.
Дар раванди тафаккур мафҳум ва муҳокима бо ҳамдигар алоқаманданд. Алоқамандии онҳо иборат аз он аст, ки муҳокимаҳо аз мафҳумҳо пайдо мешаванд ва айни замон аз муҳокимаҳо мафҳумҳо ба вуҷуд меоянд.
Мантиқи шаклӣ мафҳумро ҳамчун натиҷаи донишҳо ва тадқиқоти илмӣ намеомӯзад. Мантиқи шаклӣ фақат як ҷиҳати мафҳумро, яъне мафҳумро ҳамчун қисми таркибии муҳокима ва хулосабарорӣ омӯхта, тадқиқ менамояд.
§ 2. МАФҲУМ ВА ТАСАВВУР
Ҳар як мафҳум дар асоси он донишҳое ки бо ёрии органҳои ҳиссиёт ба вуҷуд меояд, ташаккул меёбад. Бинобар ин, мафҳум ҳамчун шакли фикр бо шаклҳои ҳиссиёт — эҳсос, идрок ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё