Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
кас мувофиқи қобилияташ ва ба ҳар кас мувофиқи талаботаш» амал мекунанд, ифода менамояд.
Мафҳум на фақат бо ёрии як калима, балки ба воситаи ду- се ва ё якчанд калимаҳо ҳам ифода карда мешавад. Чунончи, мо мафҳумро дар бораи органи олии ҳукуматии мамлакатамон, ягона органи қонунбарори Давлати Совети, ки халқ вакилони онро дар асоси ҳуқуқи баробари, умуми ва овоздиҳии пинҳони ба муддати чор сол интихоб мекунад, бо калимаҳои «Совети Олии СССР» ифода менамоем.
Мафҳумро дар бораи яке аз мактабҳои олии калонтарини республикаамон, ки мо ҳоло дар он ҷо мехонем, ба воситаи ка- лимаҳои «Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ле- нин» ифода менамоем. Бинобар ин, дар байни мафҳум ва кали- ма алоқаи узви, алоқаи ҷудонашаванда мавҷуд аст.
Аммо мафҳум ва калима айниан як чиз нестанд, дар байни онҳо фарқи кулли мавҷуд аст. Мафҳум шакли оли, шакли ман- тиқии дониши мост.
Калима бошад воситаест, ки бо ёрии он мафҳум ифода кар- да мешавад. Ифода кардани мафҳум яке аз вазифаҳои калима аст. Калима — воҳиди асосии забон аст, ки ба он ҳодисаҳои во- кеияти ҳаёти психикии одам шарҳ дода мешавад ва калимаро гурӯҳи одамоне, ки бо як забон гап мезананд, таърихан дар байни худ алоқаманди доранд, як хел мефаҳманд 1.
Калима барои ифодаи мафҳум ҳамчун восита хизмат меку- над. Лекин на ҳамаи калимаҳо мафҳумҳоро ифода карда мета- вонанд. Бо ёрии калима ҳиссиётҳои гуногун ҳам ифода карда мешавад. Ин гуна вазифаҳои гуногуни калимаро илми забон- шиноси меомӯзад.
Фарқи мафҳум ва калима боз дар он аст, ки на фақат дар забонҳои гуногун, ҳатто дар доираи як забони ҳам баъзан як мафҳум ба воситаи калимаҳои шаклашон гуногуни (синонимҳо) ифода карда мешавад. Чунончи, мо мафҳумро дар бораи дунё бо ёрии калимаҳои «олам», «коинот», «ҷаҳон» ва ғайра ифода менамоем; мафҳумро дар бораи ҷисми марказии системаи оф- тоб бо калимаҳои «Офтоб», «Хуршед», «Шамс» ифода мекунем ва хоказо.
Баъзан, баръакс, бо ёрии калимаҳои шаклан якхела маф- ҳумҳои маънояшон гуногун (омонимҳо) ифода меёбанд.
Масалан, бо ёрии калимаи «хор» се навъ мафҳумро ифода кардан мумкин аст:
- Мафҳум дар бораи навъи растанӣ, ки нуги тез дорад ва меҳалад; 2) Мафҳум дар бораи одами мазлум, камбағалгардӣ- да; 3) Мафҳум дар бораи дастаи муайяни сарояндагон. Агар дар вақти муҳокимаронӣ, хулосабарорӣ ва мулоҳиза калима-
1 Р. А. Будагов. Муқаддима оид ба забоншиносӣ. Москва, с. 1958, саҳ. 8.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё