Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Аммо набояд аз хотир фаромӯш кард, ки ин қонуни мантиқӣ танҳо нисбат ба он мафҳумҳо амал мекунад, ки агар аз ин мафҳумҳо ҳаҷми яке ба ҳаҷми дигаре дохил шуда тавонад (монанди мафҳумҳои «илми таърих» ва «илми таърихи Тоҷикистон», «грамматика» ва «грамматикаи забони тоҷик», «халқ» ва «халқи тоҷик» ва ҳоказо).
Агар мафҳумҳои ҳаҷмашон мувофиқат надошта, масалан, мафҳумҳои «давлат», «морфология» ва дигарҳо гирифта шаванд, дар ин маврид қонуни баръакси нисбати байни ҳаҷм ва мазмуни мафҳум амал намекунад.
Маҳз аз ҳамин сабаб ҳаҷми мафҳуми давлатро ҳарчанд тағйир диҳем, васеъ кунем ҳам, мазмуни мафҳуми «морфология» тағйир намеёбад, маҳдуд намегардад.
§ 5. АМАЛҲОИ АСОСИИ ТАШКИЛБЕҲИИ МАФҲУМ
Мафҳум ҳамчун шакли фикр, дониши олии мо нишонаҳои асосӣ ва муҳими як предмет ё як ҷинс, гурӯҳи предметҳоро инъикос менамояд. Барои пайдо намудани мафҳуми ин ва ё он предмет бояд ҳамон предмет аз ҳар ҷиҳат васеъ ва чуқур тадқиқ карда шавад. Бо мақсади предметро ҳарҷониба васеъ ва чуқур тадқиқ намуда, дар бораи он мафҳум пайдо кардан дар протсесси тафаккур амалҳои мантиқии зерин: муқоиса, анализ (таҳлил), синтез, абстраксиякунӣ ва умумиятдиҳӣ ба кор бурда мешаванд.
Маълум аст, ки предмет ва ҳодисаҳои воқеият бо ҳамдигар монандӣ ва фарқият доранд.
Ин монандӣ ва фарқияти онҳо ба ҷиҳатҳои гуногуни онҳо: миқдор, сифат, хусусият, вазифа, ҳолат ва ғайра вобаста аст.
Барои пайдо намудани мафҳум, пеш аз ҳама, бояд ҳамин монандӣ ва фарқи предметҳо омӯхта, тадқиқ карда шаванд. Ба ин мақсад усули мантиқии фикрӣ — муқоиса кор фармуда мешавад.
Муқоиса чунин амали мантиқиест, ки бо ёрии он фикран монандӣ ва фарқи предметҳо тадқиқ ва муайян карда мешавад.
Фаҳмида гирифтани ҳар як предмет аз муайян намудани монандӣ ва фарқи он аз предметҳои дигар, яъне аз муқоиса сар мешавад.
Масалан, барои пайдо намудани мафҳуми «калима» бояд монанддии калимаҳо аз ҷиҳати вазифаашон дар ҷумла, ба чӣ гуна савол ҷавоб доданашон, таркиби онҳо ва ғайра муайян карда шаванд; инчунин фарқи калима аз ҳиҷо, ибора, ҷумла ва хоказоҳо аниқ карда шавад.
Барои пайдо намудани мафҳуми «давлати социалистӣ» бояд монанддии давлатҳои социалистӣ Ҳокимияти Советӣ ва давлатҳои халқии демократие ки ҳамаашон аз ҷиҳати моҳияти худ ҳокимияти синфи коргару оммаи меҳнаткашон мебошанд ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё