Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Дар рафти муқоиса танҳо баъзе ҷиҳатҳои предметҳо ба назар дошта мешавад. Ҷиҳатҳои дохилӣ, қисмҳои таркибии предметҳо ва алоқамандии онҳо бо ёрии дигар амали мантиқӣ — анализ тадқиқ карда мешаванд.
Ҳар як предмет, ҳодиса ҳамчун чизи том аз қисмҳо, ҷиҳатҳои дохилии таркибии худ иборат буда, ин қисмҳои таркибӣ бо ҳамдигар алоқаи мустаҳкам доранд ва ҳар яке аз онҳо барои предмети мазкур аҳамияти махсус доранд.
Барои предметро тадқиқ намуда, дар бораи вай мафҳум пайдо кардан, анализ (таҳлил) ба кор бурда мешавад.
Анализ чунин амали мантиқиест, ки бо ёрии он предмет, ҳодисаи омӯхтаистода фикран ба қисмҳо, элементҳо, ҷиҳатҳои таркибӣ, дохилии он ҷудо карда шуда, ҳар яке аз он қисмҳои таркибии алоҳида ва ҳарҷониба тадқиқ карда мешавад.
Масалан, барои он ки дар бораи ягон машина ё механизм мафҳум пайдо кунем, бояд аввало қисмҳои таркибии онро аз якдигар ҷудо карда, ҳар яке он қисмҳоро алоҳида омӯзем, аҳамияту вазифаҳои онро нағз фаҳмида гирем. Барои он ки дар бораи ҷумлаи грамматикӣ мафҳум пайдо кунем, бояд қисмҳои таркибии онро тадқиқ намоем.
Анализ (таҳлил) бояд аз чизи оддӣ сар шуда, ба чизи мураккаб гузарад.
В. И. Ленин мазмуни анализи (таҳлили) марксистии ҷамъияти капиталистиро қайд намуда нишон дода буд, ки К. Маркс дар асари худ «Капитал» анализро (таҳлилро) аз чизи хеле оддӣ, вале асосии ба ҳама маълум, ки ба он миллиардҳо бор дучор шудааст, муносибатҳои молии ҷамъияти буржуазӣ: мубодилаи молҳо сар кардааст.
Таҳлил — анализи ҳар як тадқиқотчии соҳаи илм кор мефармояд. Масалан, адабиётшинос барои он ки дар бораи ин ё он роман мафҳум пайдо кунад, вайро ба қисмҳои таркибиаш: масъалаҳои ғоявӣ, хатҳои сюжетӣ, қаҳрамонон, шахсони иштироккунанда ва ғайра ҷудо карда меомӯзад.
Лекин барои оид ба як предмети том мафҳум пайдо намудан қисмҳои таркибии онро омӯхтан ҳанӯз кифоя нест. Қисмҳои таркибиро омӯхтан — ҳанӯз ибтидои тадқиқот мебошад. Предмети том фақат аз ҷамъи қисмҳо иборат нест, балки ин қисмҳо дар вай вазифаи муайянро иҷро мекунанд, онҳо бо ҳам алоқаманд буда, ба якдигар таъсир мерасонанд.
Дар ҳар машина, механизм қисмҳои таркибии он дар ҳаракат аст, бе он машина чизи том шуда наметавонад. Бинобар ин, бояд қисмҳо, ҷиҳатҳои анализ кардашуда аз нав якҷоя, муттаҳид гарданд. Ин вазифа бо роҳи дигар ба воситаи амали мантиқӣ — синтез ҳал карда мешавад.
Синтез чунин амали мантиқиест, ки бо ёрии он қисмҳо, ҷиҳатҳои таркибии ба воситаи анализ ҷудо гардида, фикран якҷоя,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё