Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Осиёи Миёна», «Мактаби миёнаи Тоҷикистон», «Сайёраи системаи Офтоб» мафҳумҳои умумии қайднашавандаанд.
Мафҳуме ки миқдори предметҳои дарбаргирифтааш ҳаҷман беинтиҳо буда, ҳисоб кардани адади онҳо имконнопазир аст, мафҳуми умумии қайднашаванда ном дорад. Масалан, «ситора», «растанӣ», «дарахт», «нуқта», «молекула», «атом», «калима» ва ғайраҳо мафҳумҳои умумии қайднашаванда мебошанд.
Ғайр аз он, мафҳуми умумӣ ба мафҳуми умумии оддӣ ва умумии ҷамъкунанда тақсим мешавад. Мафҳуми умумии оддӣ як ҷинс ё гурӯҳи муайяни предметҳоро дар бар мегирад. Масалан, «миллат», «одам», «ҷумла», «ҳуқуқ» ва ҳоказо.
Мафҳуме ки ҳаҷмаш маҷмӯи ҷинсӣ, гурӯҳи предметҳоро инъикос менамояд, м а ф ҳ у м и у м у м и и ҷ а м ъ к у н а н д а ном дорад. Чунончи, «маҷлиси комсомолӣ», «китобхона», «бешазори мамлакат» ва ғайраҳо мафҳумҳои умумии ҷамъкунандаанд.
Мафҳумҳои тоқа дар навбати худ боз ба мафҳумҳои тоқаи фардӣ ва тоқаи ҷамъкунанда тақсим мешаванд. Ҳаҷми мафҳуми тоқаи фардӣ фақат як предмети алоҳидаро инъикос менамояд. Масалан, «Шӯриши Восеъ», «Муаллифи романи «Дони Ором»», «Сардафтари адабиёти советии тоҷик» ва ғайра.
Мафҳуме, ки ҳаҷмаш на ин ки предмети тоқаю алоҳидаро, балки як предмете, ки маҷмӯи предметҳоро дар бар гирифта, онро инъикос мекунад, м а ф ҳ у м и т о қ а и ҷ а м ъ б а с т к у н а н д а меноманд. Чунончи, «Китобхонаи Республикавии ба номи А. Фирдавсӣ шаҳри Душанбе», «Гурӯҳи якуми тамомкунандагони Университети Давлатии Тоҷикистон», «Коллективи муаллимони мактаби № 10 шаҳри Тошкент» ва ғайра.
Аз нуқтаи назари мазмун мафҳумҳо ба ду навъ: мафҳуми конкретӣ ва абстрактӣ тақсим мешаванд.
Мафҳуми конкретӣ нишонаҳои муҳими предметҳои мустақилона ва реалона вуҷуд доштаро инъикос мекунад. Масалан, «санъаткор», «шоир», «мамлакат», «арбоби давлат» ва ғайра. Мафҳуми абстрактӣ бошад, танҳо ягон тараф, хусусият, ҳолат, муносибати предметҳоро ҳамчун предмети алоҳида ифода мекунад. Чунончи, «қаҳрамонӣ», «далерӣ», «касалӣ», «баробарӣ» ва ҳоказо мафҳумҳои абстрактӣ мебошанд.
Албатта, ҳар ду ин навъи мафҳумҳо ҳам дар натиҷаи амали мантиқии абстракциякунӣ пайдо мешаванд, вале онҳо аз ҳамдигар бо дараҷаи типи абстракциякунӣ фарқ мекунанд.
Боз мафҳум аз ҷиҳати мазмун ба мафҳумҳои мусбат ва манфӣ тақсим мешавад. Баъзан мафҳум на ин ки бо роҳи нишонаҳои алоҳидаашро ҷудо карда инъикос намудан, балки бо роҳи нишон додани дорои нишонии муайян ё номуайяни предмет пайдо карда мешавад. Агар мафҳум нишонае, ки ба предмет мансуб аст, инъикос кунад, мафҳуми мусбат ном дорад ва агар мафҳум ба предмет дахл надоштани ягон нишонаро инъикос кунад, мафҳуми манфӣ номида мешавад. Мафҳумҳои «боақл»,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё