Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
мушоҳида карда меомӯзем, барои навъҳои растаниҳо ва ҳайвонотро мувофиқи мақсад тағйир додан, бояд навъҳо, зотҳои алоҳидаи растаниҳо ва ҳайвонот омӯхта шаванд, барои қонунҳои тараққиёти ҷамъияти коммунистиро донистан, бояд ҷамъияти муайяни коммунистӣ тадқиқ карда шавад. Барои донистани предмет ва ҳодисаҳои конкретӣ бояд хосият ва нишонаҳои махсуси онҳо фаҳмида шаванд, ки ин бо ёрии органҳои ҳиссиёт ба амал меояд. Аммо барои дониши илмӣ на ин ки омӯхтани организми ягон ҳайвони ва ё ҷамъияти коммунистӣ, балки умуман организм ва қонунҳои тағйироти вай, формацияи иҷтимоию иқтисодии коммунистӣ ва қонунҳои инкишофи онро тадқиқ намудан лозим аст. Ин гуна донишро бо ёрии органҳои ҳиссиёт пайдо кардан мумкин нест. Ин тавр дониш ба воситаи тафаккур ба амал меояд. Тафаккур ба фактҳо, донишҳое ки дар натиҷаи мушоҳида, ҳис кардани предмет ва ҳодисаҳои конкретӣ пайдо мешаванд, вобаста аст. Одам онҳоро бо ҳамдигар муқоиса намуда чизҳои муҳим ва асосиро аз он чизҳое ки муҳим нестанд, дуввумдараҷаанд, ҷудо карда мегирад ва чизҳои беаҳамиятро соқит мекунад. Мо тафаккурро аз он сабаб инъикоси бавосита ва умумият додашудаи олами моддӣ меномем, ки бо ёрии тафаккур инсон на фақат чизи ҳис мекардагиашро дониста мегирад, балки чизҳоеро низ дониста мегирад, ки инсон онҳоро бевосита ҳис намекунад ва онҳо бо чизҳои ҳиссшаванда алоқаи муайяне доранд. Дар тафаккур нишона, хосиятҳои муҳим ва умумии гурӯҳи муайяни чиси предмет ва ҳодисаҳо ҷамъбаст карда мешаванд.
Тафаккур ҳам чунин дараҷаи дуввуми процесси дониш, монандӣ он донишҳое, ки бо ёрии органҳои ҳиссиёт пайдо карда мешаванд, ҳамчун дараҷаи мантиқии процесси дониш шаклҳои махсус дорад. Шаклҳои махсуси тафаккур: мафҳум, муҳокима, хулосаи ақлӣ мебошанд. Дар рафти тафаккур мафҳумҳо ба вуҷуд меоянд, ки онҳо ба тарзи махсус предмет ва ҳодисаҳои воқеиятро инъикос менамоянд. Ташкилёбии мафҳумҳо ба фикрран ҷудо кардани нишонаҳо, хусусиятҳои умумии муҳими предмет ва ҳодисаҳое, ки ин донишҳо дар охир ба дониста гирифтани алоқаҳои зарурӣ, қонунӣ оварда мерасонанд, вобаста аст.
Инъикос кунонидани алоқа, муносибат ва нишонаҳои предмет ва ҳодисаҳо ба тафаккур хос мебошад. Инсон алоқа, муносибат, предмет ва нишонаҳои онҳоро дар тафаккур инъикос намуда, ҳамеша бо воқеият мувофиқ будан ва ё мувофиқ набудани фикри худро муайян мекунад. Мо ба воситаи тафаккур муҳокима меронем. Фикрҳое ки алоқа, муносибат, предмет ва нишонаҳои онҳоро инъикос менамоянд, муҳокима ном дорад. Муҳокимаҳо асоснокиро талаб менамоянд, яъне ҳақиқатии онҳо бояд муайян карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё