Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

Муносибати муштарак

Муносибати байни мафҳумҳо метавонанд тобеияти муштарак бошанд. Агар якчанд мафҳумҳои навъӣ як ҷинси умумӣ дошта бошанд, ин мафҳумҳо муносибати тобеияти муштарак доранд, чунки онҳо ба ҳамон мафҳуми ҷинсӣ баробар тобеъ мешаванд. Дар байни мафҳумҳои мувофиқонида ва мафҳумҳои мувофиқнаонида ҳам муносибати тобеияти муштарак мавҷуд аст.

Чунончи, мафҳумҳои ҷинлики «шоири советӣ» ва «шоири тоҷик» ба мафҳуми «коркуни мада-нияти советӣ» тобеъанд. Мафҳумҳои мувофиқна-онида «сафед» ва «сафед-не» ба мафҳуми умумии «ранг» тобеъанд.

Муносибати тобеияти муштарак бо доираҳо тас-вир карда мешавад (ни-гар ба расми 5).

Расми 5. А — мафҳуми ҷинсӣ, «а» ва «в» — мафҳумҳои навъӣ.

Муносибати муқобилият

Агар мазмуни як мафҳумро мазмуни мафҳуми дигар рад кунаду мафҳуми радкунанда дорои нишонаҳое, ки муқобили нишонаҳои мафҳуми радшаванда бошад, дар байни онҳо муносибати муқобилият пайдо мешавад. Масалан, мафҳумҳои «гармӣ» ва «хунукӣ», «саломатӣ» ва «ка-салӣ», «баландӣ» ва «пастӣ», «сафе-дӣ» ва «сиёҳӣ» дар байни ҳамдигар муно-сибати муқобилият доранд (нигар ба рас-ми 6).

Расми 6.

Мафҳумҳои ба ҳам муқобил дорои чу-нин хислат мебошанд, ки як мафҳум дигар мафҳумро рад мекунад ва дар айни ҳол мафҳуми радкунанда дорои нишонаҳои мус-бат мебошад.

Муносибати зиддият

Агар мазмуни як мафҳумро мафҳуми дигар рад кунад ва мазмуни мафҳуми радкунанда номаълум монад, дар байни ҳи-гуна мафҳумҳо муносибати зиддият вуҷуд дорад. Масалан, дар байни мафҳумҳои «ҷамъияти социалистӣ» ва «ҷамъияти ғайрисоциалистӣ»,

пешина
аз 192
навбатӣ