Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

нав алоқаманд карда, ҳамчун хулоса дониши нав пайдо менамоем. Барои ин гуна дониш бевосита ба амалиёт ва таҷриба эҳтиёҷ надорем, балки бо ёрии ақл пайдо мекунем. Бинобар ин, инсон вақте ки фикр мекунад, аз хулосаи ақлӣ истифода мебарад.

Тафаккур бо забон, нутқи инсон алоқаи узвӣ дорад. Тафаккур ва забон ҳодисаҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Нутқ, забон ва тафаккур дар процесси фаъолияти амалии инсон, бо пайдоиш, ташаккул ва инкишофи ҷамъият пайдо шуда, инкишоф ёфтаанд. Ф. Энгельс ба туфайли амалиёти меҳнатӣ дар одамизод забон ва тафаккур пайдо шуданиро маънидод карда навишта буд: «Мухтасар карда гӯем, одамшудаистодагон рафта-рафта ба дараҷае расиданд, ки дар онҳо эҳтиёҷи ба якдигар чизе гуфтан пайдо шуд. Ин эҳтиёҷ ба худ органи худро ба вуҷуд овард: ҳалкуми тараққикардаи маймуни оҳиста-оҳиста ҳам бошад, аммо пай дар пай бо роҳи модуляцияи торафт бештар тараққикардатаре дигаргун мешавад ва органҳои даҳон оҳиста-оҳиста ба талаффуз кардани як садои дигар омухта мешуданд» 1. Ҳамин тавр нутқи саҳеҳ, забон ва вобаста ба вай тафаккури инсон ба вуҷуд омад.

Нутқ, забон натиҷаҳои фаъолияти дониш пайдо кардани одамро пойдор ва устувор мегардонад. Забон барои пайдоиши фикрҳо воситаи асосӣ мебошад. Забон чунин аслиҳа, воситаест, ки бо ёрии вай фикрҳо ифода карда мешаванд. Ҳар як фикр, ҳар як шакли фикр: мафҳум, муҳокима, хулосаи ақлӣ ба воситаи забон, калима ва алоқамандиҳои калима — бо ҷумлаҳо ифода меёбанд. Бе забон тафаккур вуҷуд дошта наметавонад. Фикр ҳамеша бо ёрии забон ифода карда мешавад. Хоҳ ин фикр дар майнаи сари инсон пайдо шавад, хоҳ онро одам нақл кунад ва хоҳ нависад, ҳамеша дар асоси забон, калима ва ҷумлаҳо ба вуҷуд омада, ифода карда мешавад. Забон шакли зоҳирии фикр мебошад. Реалияти тафаккур дар забон зоҳир мегардад. Мазмуни дохилии забонро тафаккур ташкил медиҳад. Забон на фақат барои ташкилёбии тафаккуре, ки яке аз шаклҳои махсуси инъикоси воқеият мебошад, роли муҳимро бозидааст. Роли забон барои пайдоиши фикрҳо ба ҳар як шахс ҳам калон аст.

Олими машҳури рус И. П. Павлов дар таълимоти худ оид ба ду системаи сигналҳо барои тафаккур аҳамияти бузург доштани калимаро исбот намуда буд. Дар ин бобат ӯ навишта аст:

«Дар олами инкишофёбандаи ҳайвонот, дар фазаи инсон, дар механизмҳои фаъолияти асаб иловаҳои фавқулодда ба амал омад. Воқеият барои ҳайвон танҳо ба воситаи мутаас-

1 Ф. Энгельс. Роли меҳнат дар процесси ба одам табдил ёфтани маймун. Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, Душанбе, соли 1958, саҳ. 4.

пешина
аз 192
навбатӣ