Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
он қисми ҳуқуқшиносон меравад, ки онҳо баъзеи муаллимҳоро ташкил медиҳанд, ғайр аз онҳо дигар олимон, коркунони амалии соҳаи ҳуқуқшиносӣ ҳастанд. Бинобар ин, термини хабари муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ ҳам номуштарак мебошад.
Фақат дар баъзе мавридҳо термини хабари муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ муштарак мебошад.
Дар муҳокимаи ҷузъие, ки ҳаҷми термини хабари он ба ҳаҷми термини мубтадо дохил мешавад, термини хабар муштарак аст. Масалан, дар муҳокимаҳои «Баъзе одамон
— шахсони гениялӣ мебошанд», «Баъзе шаҳрҳо — пойтахтҳои давлатӣ мебошанд» термини хабар муштарак мебошад.
Ҳаҷми терминҳои мубтадо ва хабари муҳокимаи ҷузъии тасдиқиро бо доираҳо ишора мекунем. (Нигар ба расми 10).
- Дар муҳокимаи умумии инкорӣ, ҳам термини мубтадо ва ҳам термини хабар муштарак мебошанд. Масалан, «Ҳеҷ як таҷовузкор сулҳдӯст намебошад». Дар ин муҳокима термини мубтадо ба ҳаҷми пуррааш гирифта шудааст, зеро дар ин ҷо фикр дар бораи ҳамаи таҷовузкорон меравад (ҳеҷ як таҷовузкор ва ҳамаи таҷовузкорон як маъно доранд), бинобар ин термини мубтадои ин муҳокима муштарак мебошад. Термини хабари ин муҳокима «сулҳдӯст» ба ҳаҷми пуррааш гирифта шудааст, зеро дар ин ҷо гап дар бораи ҳамаи сулҳдӯстҳо меравад, пас, термини хабар ҳам муштарак мебошад.
Ҳаҷми терминҳои мубтадо ва хабари муҳокимаи умумии инкориро бо доираҳо ишора мекунем. (Нигар ба расми 11).
- Дар муҳокимаи ҷузъии инкорӣ термини мубтадо номуштарак ва термини хабар муштарак мебошад.
Масалан, «Баъзе ҳикояҳо асарҳои ғоявӣ намебошанд». Дар ин муҳокима термини мубтадо «баъзе ҳикояҳо» ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст, чунки фикр дар ин ҷо танҳо дар бораи баъзе ҳикояҳо меравад, пас, термини мубтадо номуштарак аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё