Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
роварда мегӯяд, ки санг аслиҳаест, ки ба воситаи он бар зидди ҳайвоноти дарранда мубориза бурда мешавад.
Ин гуна тарзи алоқаи фикр дар таҷриба зуд-зуд вомехӯрад: дар он мавриде, ки одамон бо як чизи конкретӣ кор доранд ё дар бораи он чиз фикр мекунанд ва дар мавриде, ки онҳо бо дигар чиз, ҳодиса кор доранд ва ё дар бораи он фикр мекунанд, дар бораи чизи сеюми, чаҳорум ва ҳоказо.
Чанд бор такрор шудани ин тарзи алоқаи фикрҳо ба пайдоиш, ташкилёбии шакли зерини хулосабарорӣ меорад:
А—В аст С—А аст С—В аст
Бинобар ин, пайдоиши ин шакли хулосабарорӣ ва дигар шаклҳои оддии хулосабарорӣ низ бевосита дар фаъолияти амалии инсон асос ёфтаанд.
В. И. Ленин навишта буд, ки «Фаъолияти амалии инсон миллиардҳо бор мебоист шуури инсонро ба такрори фигураҳои гуногуни мантиқӣ оварда мерасонд, то ки ин фигураҳо маънои аксиомаҳоро пайдо карда тавонанд» 1.
§ 2. ИЛМИ МАНТИҚ
Мантиқ (мантиқ) калимаи арабӣ буда, маънояш нутқ, забон мебошад. Лекин дар ин ҷо мантиқ ҳамчун илм ба дигар маъно кор фармуда мешавад. Илми мантиқ тафаккури инсонро меомӯзад. Вале ҳама ҷиҳатҳои тафаккурро илми мантиқ намеомӯзад. Тафаккурро ғайр аз мантиқ дигар фанҳо ҳам — илми психология, физиологияи асабҳои олӣ, материализми диалектикӣ ва дигар илмҳо меомӯзад. Ҳар яке аз ин фанҳо ҷиҳатҳои муайяни тафаккурро меомӯзад.
Психология ҳамаи ҳодисаҳои рӯҳии инсон ва хусусиятҳои ин ҳодисаҳои рӯҳиро тадқиқ менамояд. Тафаккур ҳам предмети омӯзиши ин фан мебошад. Аммо психология ҷиҳатҳои муайяни тафаккурро тадқиқ менамояд. Психология он сабабҳо ва шароитҳоеро меомӯзад, ки онҳо ба амал омадан ва инкишофи тафаккури шахси алоҳидаро ифода мекунанд. Ин фан сабабҳо ва шароитҳои тараққиёти тафаккури як шахсеро меомӯзад. Психология инчунин сабабҳои солимию мӯътадилӣ ва ё нуқсоннию вайрон шудани тафаккурро ошкор мекунад. Ин фан ба тафаккури инсон чӣ навъ таъсир расондани дигар ҳодисаҳои рӯҳӣ: ирода, эмоция, характер, хотира ва ғайра маълумот медиҳад.
Физиологияи асабҳои олӣ процесҳҳои моддии майнаи сар, ки асоси тафаккурро ташкил медиҳанд, меомӯзад.
1 В. И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 38, саҳ. 190.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё