Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муҳокимаҳои мутааллуқӣ, дохилкунанда, ҷудокунанда ва ғайра муҳокимаҳое, ки дар боло баён карда шудаанд, муҳокимаҳои қатъӣ мебошанд. Дар муҳокимаи қатъӣ дар байни терминҳои мубтадо ва хабар ягон шарте мавҷуд нест. Аз ҳамин сабаб ин гуна навъҳои муҳокимаро муҳокимаҳои қатъӣ меноманд.

  1. Муҳокимаи мураккаб. Муҳокимаҳое, ки аз муҳокимаҳои содда таркиб ёфтаанд, муҳокимаҳои мураккаб ном доранд. Муҳокимаҳои мураккаб дорои сохти мураккаб мебошанд. Дар байни муҳокимаҳои содда ва мураккаб муносибатҳое мавҷуданд, ки онҳо ба алоқаи ҷумлаҳои содда ва мураккаб монанданд.

Агар ҷумлаҳои мураккаб ба воситаи алоқаманд намудани ҷумлаҳои содда бо ёрии пайвандакҳои гуногуни грамматикӣ таркиб ёбанд, вале муҳокимаҳои мураккаб ба воситаи алоқаманд намудани муҳокимаҳои содда бо ёрии пайвандакҳои мантиқии гуногун, масалан, «ва», «агар он гоҳ», «ё» ва ғайра, таркиб меёбанд.

Пайвандакҳои грамматикӣ аз мантиқӣ фарқ мекунанд.

Пайвандакҳои грамматикӣ чунин воситаҳое мебошанд, ки бо ёрии онҳо ҷумлаҳои содда бо ҳам алоқаманд мешаванд. Дар вақти аз ҷумлаҳои содда ташкил ёфтани ҷумлаҳои мураккаб ҳақ ё дурӯғ будани ин ҷумлаҳо ба назар гирифта намешавад. Фақат он чиз ба назар гирифта мешавад, ки ҷумлаи мураккаби аз ҷумлаҳои содда ташкилёбанда қатъи назар аз он ки ҷумлаи мазкур ҳақ аст, дорои маънои муайян буда, мувофиқи қоидаҳои грамматикаи забони мазкур сохта мешавад.

Фарқи пайвандакҳои мантиқӣ аз пайвандакҳои грамматикӣ аз он иборат анд, ки пайвандакҳои мантиқӣ чунин алоқаи байни муҳокимаҳо мебошанд, ки дар вақти тавсиф танҳо ҳақ ё дурӯғ будани онҳо ба эътибор гирифта, дигар маъноҳои алоқаи байни фикрҳо (масалан, маъноҳои замон, макон, мақсад, сабаб ва ғайра) ба эътибор гирифта намешаванд.

Ҳар як муҳокима ё ҳақ ва ё дурӯғ мебошад. Ин хусусиятҳои муҳокимаҳо маънои мантиқии онҳо ба шумор мераванд. Қисмҳои таркибии муҳокимаи мураккабро на танҳо мафҳумҳои мубтадо ва хабар, балки муҳокимаҳои содда ташкил медиҳанд. Албатта, дар таркиби ҳар як муҳокимаи соддаи таркибӣ мафҳумҳои мубтадо ва хабар мавҷуданд. Ба гурӯҳи муҳокимаҳои мураккаб чунин навъҳои муҳокима дохил мешаванд:

а) Муҳокимаи шартӣ (импликативӣ). Муҳокимаи шартӣ яке аз навъҳои муҳокимаи мураккаб мебошад. Чунин муҳокимаи мураккабе, ки дар натиҷаи алоқаманд намудани ду муҳокимаи содда ба воситаи пайвандаки мантиқии «агар... он гоҳ», «пас» ташкил меёбад, муҳокимаи шартӣ ном

пешина
аз 192
навбатӣ