Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

ӯҳдадориҳое, ки онҳо дар назди мамлакатҳои қарздиҳанда доранд, ҳамчун сарчашмаи ноустувории молиявӣ амал карда, вазъияти давлатро дар муддати хеле кӯтоҳ муташанниҷ намуда, ба беқурбшавии асъор оварда мерасонанд, ки ин дар навбати худ ба пастшавии дараҷаи некӯаҳволии халқ ва дараҷаи шуғли аҳолӣ таъсир расонида, ба зиёд шудани сафи бекорон оварда мерасонад.

Вақте ки дар ШМА фоизи муайяншудаи сармоя аз меъёри муайяншуда паст мефарояд, қисми зиёди сармояи озод ба мамлакатҳои мутараққӣ, ки ба ивази истифодаи он фоизҳои баланд медиҳанд,(чунин шароит дар Мексика муҳошида шуда буд) ҳаракат менамояд. Ва баръакс, дар натиҷаи тадбирҳое, ки бо иштироки Ҳукумати ШМА ба нақша гирифта мешаванд ва амалӣ шудани онҳо иштироки сармояи озодро тақозо мекунад, боиси баланд шудани фоизи даромад аз сармоя гардида, самти ҳаракати сармояро ба сӯи Америка мегардонанд.

Чунин ҳолат соли 1994 баъд аз як соли бунёди НАФТА бо Мексика рӯй дод. Қариб 60 фоизи сармояи ба Мексика дохилшуда, дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ аз мамлакат хориҷ гардида, сабабгори беқурбшавии пессои Мексика шуд.

Чунин вазъияти дар Мексика бавуҷудомадаро танҳо бо роҳи кӯмаки молиявӣ ҳал намудан мумкин буд.

Бинобар узви комилҳуқуқи НАФТА буданаш Мексика барои мӯътадил намудани вазъияти худ зиёда аз 50 млрд. доллари амрикой кӯмаки молиявӣ гирифт. Аз он ҷумла, аз Хазинаи Байналмилалии Асъор 17,8 млрд., аз ҳисоби Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Тараққиёт тавассути Бонки байналмилалии ҳисоббарорӣ (БМР) 10 млрд., 1 млрд. доллари амрикой дар шакли Свопкредит аз бонки марказии Канада ва 20 млрд. доллари амрикой дар шакли нақд барои пурра намудани фонди устуворгардонӣ, ки ивазшавии саривақти асъори хориҷӣ ва дохилиро таъмин менамояд, ҷудо карда шуд.

Дар натиҷа қарзҳои гирифташуда вазъи иқтисодии мамлакатро дар муддати хеле кӯтоҳ, агар аз як тараф мӯътадил намуда бошанд, аз

пешина
аз 785
навбатӣ