Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

содироту воридот дар балансҳои (тавозуни) савдо ва пардохт инъикос меёбанд. Онҳо метавонанд мусбӣ ё манфӣ бошанд.

Воридот (импорт) — барои фурӯш ё истифода ба мақсадҳои дигар аз ҷониби шарикои хориҷӣ ё намояндагони кишвари қабулкунанда аз хориҷи ин кишвар ворид сохтани мол (кору хадамот) мебошад.

Содирот (экспорт) — барои фурӯш ё истифода ба мақсади муайян дар давлати дигар аз ҳудуди кишвар берун бурдани мол (кору хадамот) мебошад. Дар ҷараёни содирот бо мақсади фурӯш кишвари содиркунанда бевосита маблағи пулӣ мегирад. Зимнан ин маблағ дар шакли асъори озод бадалшаванда ё асъори кишвари қабулкунанда (воридкунанда) гирифта мешавад, ки метавон барои хариди минбаъдаи моли (кору хадамоти) зарурӣ сарф кард.

Истифодаи моли содиргардида (воридшуда), ки дар мубодилаю иҷораи мол (кору хадамот) ифода меёбад, дар илми иқтисод савдои мутақобил номида мешавад.

Шаклҳои асосии ин савдо ҳангоми амалиёти содироту воридот инҳоянд:

Бартер — ин мубодилаи бидуни асъори молҳо (кору хадамот) мебошад, ки маъмулан амалиёти мубодилаи мол номида мешавад.

Хариди мутақобил — ин шакли мубодилаи мол (кору хадамот) мебошад, ки содиркунанда (воридкунанда) аз ҳисоби маблағи аз фурӯши мол дар кишварҳои дигар бадастовардааш амалӣ мегардонад.

Амалиёт бо ашёи хоми боздеҳ — ин амалиётест, ки бо коркарди ашёи хоми кишвари содиркунанда (воридкунанда) дар низоми қаламрави ғайригумрукӣ ва ҳисобу китоби минбаъда бо ашёи хоми коркардшуда ва маҳсулоти тайёр аз ин ашё алоқаманд аст.

Савдои маҳсулоти кооператсияшаванда - ин шакли тиҷорати байналхалқӣ мебошад, ки ба тахассус ва кооператсияи истеҳсолот асос ёфта, қисму ҷузъҳои маҳсулоти кооператсияшаванда на барои умуман бозор, балки бо супоришу талаботи техникии фармоишгари мушаххаси кишвари содиркунанда (воридкунанда) тайёр карда мешаванд ва ин амалиёт дорои хусусияти пудратӣ мебошад.

пешина
аз 785
навбатӣ