Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

истеҳсоли мол таъсиркунанда тамоили баландшавӣ дошта бошанд, пас дар мамлакатҳои истифодабарандаи мол, баръакс тамоили паст фаромадани арзиши аслии ин омилҳо дида мешавад. Ин ҳолатро дар мисоли зерин дидан мумкин аст.

Фурӯхтани пашму ғаллаи Австрия ва Зеландияи Нав ба Британияи Кабир дар асл маънои боз ҳам зиёд намудани истифодаи заминҳои арзони Австрия ва Зеландияи Навро дорад. Ин ҳолат, агар аз як тараф, ба болоравии арзиши аслии заминҳои Австрия ва Зеландияи Нав оварда расонад, аз тарафи дигар, боиси пастшавии ренраи замини Британияи Кабир мегардад.

б) пастшавии ренраи замини Британияи Кабир дар навбати худ омили ба ин кишвар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ мешавад.

Ин ҳолатро ба назар гирифта, Э. Хекшер ва Б. Олин дар концепсияи худ пешбинӣ намуда буданд, ки дар оянда ҷои содироти молҳои истеъмолиро содироти омилҳои истеҳсолӣ мегирад. Мувофиқи ин концепсия савдои хориҷӣ дар асоси принсипҳои истифодаи самараноки сармоя ва ҳарчи бештар гирифтани фоидаи соф ба роҳ монда мешавад.

Ин нуқтаи назарро дар мисоли зерин шарҳ медиҳем.

Масалан, Германия ба ҷои содироти молҳои истеъмолии ватании худ ба Полша сармояи худро ворид намуда, чунин корхонаҳоро дар заминаи ашёи хоми ин мамлакат бунёд месозад ва талаботи аҳолии Полшаро бо маҳсулоте, ки аз маводи ин мамлакат истеҳсол мегардад, қонеъ менамояд.

Аз соли 1960 сар карда ҷаҳони капиталистӣ концепсияи пешбининамудаи Э. Хекшер ва Б. Олинро васеъ истифода мебурданд.

Ин концепсия, агар дар мамлакатҳои тараққикардаи саноатии ҷаҳон, ки сармояи зиёдеро барои тараққӣ додани соҳаҳои коркарди нафт, мошинсозӣ, электронӣ, истеҳсоли дастгоҳҳо ва воситаҳои техникӣ истифода мебурданд, амалӣ гардонида мешуд, пас дар мамлакатҳои суст тараққикардаи ҷаҳон он ба инкишофу вусъати соҳаҳои кишоварзӣ ва истифодаи заминҳои бекорхобида барои истеҳсоли ғалла ва парвариши чорвои арзон истифода мегардид.

пешина
аз 785
навбатӣ