Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бо мақсади татбиқи Созишномаи мазкур онҳо дар хусуси таъсиси Мақоми иҷроияи Иттиҳоди гумрукӣ ба мувофиқа расиданд. Баёнияи Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Беларусь, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия "Дар бораи иштироки давлатҳои дигари манфиатдор дар иттиҳоди сегонаи гумрукӣ", ки 28 январи соли 1995 имзо гардид, таҷАССУМИ ҷузъи муҳимтарини шартнома "Дар бораи бунёди иттиҳоди иқтисодӣ" мебошад.

Сабаби ташкили босуръати фазои ягонаи гумрукии ин се давлат дар хеле ба ҳам наздик шудани низоми идораӣ иқтисодиёт ва қонунҳои иқтисодии онҳо мебошад, ки солҳои охир ба даст оварда шудааст.

Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда Иттиҳоди сегонаи гумрукӣ дар ду марҳила ташаккул меёбад. Дар марҳилаи аввал маҳдудиятҳои тарифую миқдорӣ дар тиҷорати байни иштирокчиёни Иттиҳоди сегонаи гумрукӣ бекор карда, низоми якхелаи савдо, тарифҳои гумрукӣ ва чораҳои умумии танзими ғайритарифӣ нисбати кишварҳои сеюм муқаррар карда мешаванд. Дар марҳилаи дуюм муттаҳидшавии қаламрави гумрукии се давлат дар қаламрави ягонаи гумрукӣ сурат гирифта, назорати гумрукӣ аз сарҳадоти дохилӣ ба сарҳадоти берунии Иттиҳоди гумрукӣ гузаронида мешавад. Барои идораи муштараки равандҳои мазкур мақоми иҷроияи Иттиҳоди гумрукӣ созмон дода мешавад.

Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Беларусь, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия чунин мешуморанд, ки дар марҳилаи аввали ташаккули Иттиҳоди сегонаи гумрукӣ як қатор шароите фароҳам оварда мешавад, ки барои ташкили фазои ягонаи гумрукӣ имконият медиҳад. Дар ҷумлаи шароити мазкур инҳоро номбар кардан мумкин аст:

ноил шудан ба ҳамоҳангӣ дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва бунёди механизми якхелаи ба принсипҳои бозории хоҷагидорӣ асосёфтаи танзими иқтисодиёт, таъмини имконияту кафолатҳои баробар барои ҳамаи субъектони фаъолияти хоҷагидории давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ;

пешина
аз 785
навбатӣ