Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Иттиҳоди гумрукӣ қабул карда шуд.
Ҳоло дар доираи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои гумрукӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ 40 созишномаю протоколҳои корӣ амал мекунанд, аз он ҷумла: созишномаю протоколҳои кории бисёрҷонибаи байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ - 7, дуҷониба - 2, бисёрҷонибаи байниидоравӣ, ки дар доираи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрукии ИДМ қабул шудаанд - 24, дуҷонибаи байниидоравӣ бо хадамоти гумрукии Ҷумҳурии Арманистон - 3, Ҷумҳурии Қазоқистон - 2, Ҷумҳурии Қирғизистон - 3, Туркманистон - 3, Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 4, Украина - 3 ва протоколҳои корӣ бо Федератсияи Россия марбут ба масъалаҳои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ - 11.
19 январи соли 1996 Шӯрои сарварони давлатҳои ИДМ дар вохӯрии навбатиаш дар шаҳри Москва бо қарори махсуси худ ба фаъолияти кории ИДМ дар соли 1995 баҳои баланд дода, пурқудрат шудани Иттиҳоди гумрукиро ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи амалӣ шудани нақшаҳои Иттиҳоди иқтисодӣ шуморид.
Аммо бояд таъкид намуд, ки роҳбарони баъзе давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ИДМ бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ аз баррасии бисёр масъалаҳои муҳим саркашӣ намуда, ба пешрафти раванди ҳамгироӣ монеъ мешуданд.
Таҳлили созишномаҳои солҳои охир қабулшуда нишон дод, ки бо сабабҳои гуногун иҷрои онҳо амри маҳол аст. Бештар роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ-ро иҷрои ғайриқаноатбахши "Созишнома дар бораи шарту механизмҳои умумии дастгирии кооператсияи истеҳсолии корхонаю соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ" ба ташвиш оварда буд. Барои суръатбахшии иҷрои созишномаи номбурда, 6 марти соли 1997 Шӯрои сарварони давлатҳо Конвенсияи миллии транскорпоративиро қабул намуд, ки мақсади ин Конвенсия чунин буд:
• таъмини шароити мусоид барои дастгирӣ ва пешрафти кооператсияи истеҳсолӣ байни корхонаҳои давлатҳои аъзои ИДМ;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо