Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

корхона бевосита аз мувозинати талабот ва пешниҳод вобастагӣ дорад. Пурра иҷро гардидани талабот ва пешниҳод, агар аз як тараф, ҳамчун воситаи қонеъгардонии мақсади шахсе дар хариди ягон моли муайян гардад, аз тарафи дигар, шарти фурӯши мол ва гирифтани даромади зиёдатӣ - иҷро шудани мақсади пешниҳодкунанда ҳисобида мешавад.

Ин назарияро Эдвард Чемберлен идома дода, дар таҳлили худ исбот кардааст, ки даромади монополие, ки аз ҳисоби харидорон ба даст оварда мешавад, бояд пеш аз ҳама, ба синфи коргар тақсим карда шавад. Аз ин нуқтаи назар, Э.Чемберлен пешниҳод менамояд, ки чӣ дар ҳолати болоравӣ ва чӣ дар ҳолатҳои паст фаромадани нарх мувофиқи даромади бадастомадаи монополи музди меҳнати коргарон бояд мутобиқан зиёд ва ё кам карда шавад. Ин назарияи Э.Чемберлен истисмори сахти сохтори империалистиро пардапӯш менамояд ва ба мӯътадил намудани вазъият ва пешгирии корпартоиҳо, баромадҳо ва шӯришҳои коргарон нигаронда шудааст.

Солҳои 30-юм олами капиталистиро калонтарин табадуллот дар таърихи инсоният - таназзули (депрессияи) иқтисодӣ фаро гирифт. Дар натиҷаи он солҳои 1929-1932 қариб аз нисф зиёди истеҳсолоти саноатии ШМА, 40% Германия, 30% Франция ва тахминан 10% Британияи Кабир аз кор монда буд.

Дар натиҷаи таназзули иқтисодӣ ин чор мамлакати тараққикардаи ҷаҳонро якбора беқурбшавии пул фаро гирифт.

Нархи маҳсулоти истеҳсолшуда дар Британияи Кабир 25%, Германия ва ШМА 30%, Франция 40% паст фаромад.

Чунин ҳолат дар ҳамаи давлатҳои дар боло номбаршуда шумораи бекоронро хеле зиёд намуд, ки мислашро таърих надида буд. Масалан, соли 1933 бекорӣ дар ШМА 25 фоизи умумии шумораи коргарони ин давлатро ташкил дод. Оҳиста-оҳиста таназзули дар ин солҳо бавуҷудомада давлатҳои рӯ ба инкишофро низ фаро гирифт. Дар натиҷаи кам шудани талаботи корхонаҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон арзиши аслии ашёи хоми давлатҳои Америкаи Лотинӣ, Африка ва Осиё хеле паст фаромад. Чунин шароит дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон боиси ба сари давлат (аз ҷумла дар Германия ва

пешина
аз 785
навбатӣ