Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан
  1. Дар давраи гузаронидани бозсозӣ риояи қонун бояд дар мадди аввал қарор гирад, конститутсия ба тариқи демократӣ қабул шуда, аз тарафи умум бечунучаро бояд риоя карда шавад.

  2. Дар ҳудуди Ӯзбекистон бо сабабҳои дар сатҳи гуногуни зиндагӣ умр ба сар бурдани аҳолӣ татбиқи сиёсати қавии иҷтимоӣ, ки аз ӯҳдаи ҳимояи вазъи иҷтимоии аҳолӣ баромада метавонад, ҷорӣ мегардад.

  3. Гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ бояд мулоҳизакорона, зина ба зина бо роҳи эволютсионӣ ва инкори "ҷаҳишҳои инқилобӣ" татбиқ карда шавад.

Нигоҳ доштани усулҳои дар ҳаёт татбиқшудаи идоракунии ҷамъият дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон боиси пешгирӣ намудани бӯҳрони иқтисодӣ ва пастравии аз ҳад зиёди истеҳсолот ва даромади миллӣ гардид.

Агар се-чор соли аввали соҳибистиқлолӣ пастшавии солонаи истеҳсолот дар кулли давлатҳои навбунёд 40%-ро ташкил карда бошад, пас дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин таносуб ҳамагӣ 14%-ро ташкил намуд.

Дар ин солҳо иқтисодиёти мамлакат асосан аз ҳисоби маҳсулоти агросаноатии Ӯзбекистон инкишоф меёфт. Дар натиҷаи зиёд намудани истеҳсоли пахта ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ даромади миллии мамлакат аз ҳисоби даромади бахши агросаноатӣ сол аз сол бештар мегардид.

Ҳукумати Ӯзбекистон дар баробари дастгирии соҳаи кишоварзӣ ба истеҳсоли маводи сӯзишворӣ эътибори махсус медод.
Дар ин самт барои талаботи худро пурра таъмин намудан ва ҷумҳуриро аз вобастагии дигар кишварҳои ҳамсоя баровардан, истеҳсоли маводи сӯзишвориро бо роҳи пурра ба истифода додани конҳои нав амалӣ менамуд. Корҳои таҳқиқотиву ҷустуҷӯӣ, коркард ва кашфи конҳои нави нафт ва гази табиӣ аз тарафи давлат ҳавасманд карда мешуданд, барои иштироки сармояи хориҷӣ имтиёзҳои зиёде фароҳам оварда шуд.

Тадқиқоти захираҳои тилло низ хеле хуб ба роҳ монда шуд.
Дар кӯтоҳтарин мӯҳлат зиёда аз 30 кони тилло кашф карда шуд, ки

пешина
аз 785
навбатӣ