Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Кадашавии робитаҳои мавҷудбудаи байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пастравии истеҳсолотро баръало эҳсос мекард. Агар соли 1990 пастшавии даромади миллӣ 1,7 фоизро ташкил намуда бошад, пас соли 1991- 10 фоиз, соли 1992 - 14%, соли 1993 - 15% ва соли 1994 - 26,9%-ро ташкил намуд.
Қазоқистон аз ҷиҳати ҷойгиршавии аҳолии худ бо мурури замон ду тақсим шуда буд. Агар қисми бештари аҳолии ҷанубиро қазоқҳо ташкил диҳанд, пас дар шимол аҳолии рус аксариятро ташкил медиҳанд. Дар Қазоқистон танҳо ба забони қазоқӣ мақоми давлатӣ додан, ба тезу тундшавии вазъи сиёсии мамлакат оварда мерасонид. Аз тарафи дигар, иқтисодиёти Қазоқистон бо иқтисодиёти Россия алоқамандии зич дошт, ки даҳолат ба ҳамкории онҳо ба иқтисодиёти ҳар ду давлат зарар мерасонд. Ин хусусиятҳои хосро Назарбоев ба назар гирифта, дар баробари бунёди Иттиҳоди ҳамгироии Осиёи Марказӣ дар асоси истифодаи рубл бештар бо Россия ҳамкории иқтисодӣ намуданро таблиғ менамуд.
Иттиҳоди Евразия, мувофиқи ақидаи Назарбоев, бояд дар асоси эътирофи ҳуқуқҳои баробари давлатҳои навбунёди соҳибистиқлол бунёд гашта, фаъолияти он бо созмони иттиҳоди иқтисодӣ ва асъорӣ маҳдуд нагашта, таҷриба ва тамоми шароитҳои мавҷударо истифода намуда, дар марҳилаҳои хеле кӯтоҳ то бунёди иттиҳоди сиёсӣ расонида шавад.
Федератсияи Россия пешниҳоди Назарбоевро рад карда, барои дар ҳудуди гардиши рубл мондан аз Қазоқистон гузаштҳои зиёдеро талаб намуд.
Чунин ранг гирифтани масъала Қазоқистонро маҷбур сохт, ки охирҳои соли 1994 аз нақшаҳои бунёди Иттиҳоди Евразия даст кашида, дар фикри ба муомилот баровардани асъори миллии давлати худ шавад.
Чунин ҳолат, агар аз як тараф ба тезутундшавии муносибатҳои иқтисодӣ, пастшавии тиҷорати ин давлатҳо оварда расонида бошад, пас аз тарафи дигар Ҳукумати Қазоқистонро водор намуд, ки дар бобати ҳарчи бештар суръат бахшидани барномаи бунёди фазои ягонаи иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ фикр кунад. Барои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо