Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷонибдорӣ консепсия ва пешниҳодоти Ҷ. Кейнс, ки дар мӯътадилшавии вазъи иқтисодӣ ҳарчи бештар дахолати давлатро тарғиб менамуд, аз тарафи намояндагони истеҳсолоти калон, тоҷирон ва мухолифон (намояндагони мактабҳои иқтисодии неоклассӣ) ба муқобилияти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Байни олимони равияҳои гуногундошта давраи нави муборизаҳои иқтисодӣ оғоз шуд. Барои ҳарчи бештар тараққӣ додани илми иқтисодиёт дар ин марҳила хизматҳои олими барҷастатарини он замон Милтон Фридмен қобили қайд аст. Ӯ ва ҳамкоронаш аз Университети Чикаго назарияи нави монетаризмро кор карда баромаданд, ки он пурра мухолифи назарияи кейнсинизм буд. Мувофиқи тарғиботи ин назария дар ҷамъияти капиталистӣ бояд пеш аз ҳама чунин принсипҳои иқтисоди бозорӣ пурра амалӣ кунонида шаванд:
-
Иқтисоди бозорӣ бояд худтанзимшаванда бошад, яъне ба ибораи дигар, он маънои ба ин шакли иқтисод додани озодӣ ва дахолат накарданро дорад. Дар натиҷаи риоя намудани чунин шартҳо иқтисоди бозорӣ вазъияти иқтисодиро оҳиста-оҳиста мӯътадил кунонида, барои кулли ҷамъият шароити кор муҳайё месозад.
-
Мувофиқи ин назария сиёсати фаъоли давлатӣ бидуни функцияи фармонфармоӣ, яке аз узвҳои асосии амалӣ шудани иқтисоди бозорӣ ба шумор меравад.
Ин ду нуқтаи назарро М. Фридмен ва А. Швартс дар асари худ "Таърихи монетаризм дар ШМА" чуқур таҳлил намуда, ба хулосае омаданд, ки мӯътадилии раванди иқтисодӣ боз аз ҳаҷми муайяни пули нақдии дар муомилотбуда вобастагии бузурге доштааст. Аз каму зиёдшавии ҳаҷми он мӯътадилии вазъи иқтисодии ҷамъият сахт алоқаманд аст. Бинобар ин калиди асосии мӯътадилии иқтисодиёт дар муомилот будани пули устувор ба шумор меравад. Муҳайё намудани чунин шароит яке аз омилҳои асосии пешрафти сиёсати макроиқтисодии мамлакат мегардад.
Солҳои 1993-94 дар илми иқтисоди ҷаҳон ҷараёни наве таҳти роҳбарии Уилям Митчелл, ки назарияи ӯ бештар ба назарияи кейнсианӣ шабоҳат дошт, хеле машҳур гардид. У. Митчелл дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё