Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
он, роботҳои ҳамакора, ки даромади бештаре медод) ба давлатҳои тараққӣкардаи ҷаҳон равона карда мешуд.
Татбиқи пешрафти илмию техникии чунин давлатҳои тараққӣкардаи ҷаҳон ба мисли ШМА, Япония, Германия, Франция сармояи бисёреро талаб мекардагӣ шуд. Дар баробари ин даҳсолаҳои охир бо худшиносии бисёр давлатҳои рӯ ба инкишоф вазъи сармоягузорӣ дар ин давлатҳо рӯз аз рӯз душвор мегардид.
Ҷадвали №31
Ҳиссаи давлатҳои тараққӣкардаи саноатӣ аз рӯи гурӯҳҳои
маҳсулоти асосӣ дар содироти ҷаҳонӣ
(фоиз)
| Гурӯҳи маҳсулот | 1980 | 1985 | 1990 | 1995 | 2000 |
|---|---|---|---|---|---|
| Озуқаворӣ | 64,4 | 61,1 | 67,7 | 66,7 | 65,9 |
| Маҳсулоти кишоварзӣ | 61,2 | 64,5 | 63,8 | 60,3 | 58,6 |
| Сӯзишворӣ | 18,3 | 27,9 | 28,7 | 31,3 | 32,4 |
| Маъдан ва фулузот | 67,3 | 64,5 | 56,8 | 55,3 | 55,0 |
| Маснуоти саноати бофандагӣ | 61,3 | 52,7 | 49,1 | 42,0 | 41,0 |
| Моддаҳои химиявӣ | 87,1 | 83,2 | 82,6 | 79,3 | 76,8 |
| Мошинҳо ва воситаҳои нақлиёт | 85,0 | 82,3 | 84,2 | 76,4 | 75,0 |
| Фулузот | 85,7 | 77,9 | 69,2 | 63,1 | 62,0 |
| Маҳсулоти дигар | 80,1 | 76,2 | 74,6 | 70,0 | 69,1 |
Афзудани ҳаҷми содироти давлатҳои тараққӣкардаи ҷаҳон аз ҳисоби молҳои электронии ниёзи мардум ва дастгоҳҳои ҳозиразамон маънои онро надорад, ки ҳукуматҳои онҳо ба соҳаҳои саноати вазнин, саноати сабук, хӯрокворӣ, соҳаи кишоварзӣ, ки дараҷаи баланди техникии онҳоро ягон давлати дигари ҷаҳон надида буд, эътибори кофӣ намедиҳанд. Баръакс, ин давлатҳо дар соҳаҳои саноати мамлакати худ пешрафти илмию техникиро пеш аз ҳама татбиқ намуда, аз принсипи интихобнамуда, яъне аз афзун намудани ҳаҷми маҳсулот ва аз даст надодани пешсафӣ нисбат ба ИҶШС, ба принсипи кам кардани ҳаҷм, вале баланд бардоштани сифати маҳсулот гузашта, мавқеи мустаҳками худро дар содироти номгӯи зиёди мол ва маҳсулоти худ то имрӯз нигоҳ медоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор