Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
байналмилалӣ шинохташуда зиёд намуд. Ҳамин тариқ бояд зикр намуд, ки муносибатҳои иқтисодии байналмилалии давлатҳои имрӯзаи тараққинамудаи ҷаҳон гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо аз як тараф, агар сабабгори байналмилаликунонии хоҷагиҳои давлатҳои алоҳида гардида бошанд, пас аз тарафи дигар, ҳаракати муомилоти мол, сармояи озод ва татбиқи технологияи ҳозиразамонро зери назорати худ гирифта, ба нафъи миллат ва давлатҳои сохтори капиталистӣ истифода мебаранд.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охири асри XX нишон дод, ки вобаста ба талаботи давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон ҳаҷми умумии ин ду намуди сармоягузориҳо доимо тағйир меёбад.
Масалан, агар солҳои 1983-1990 ҳаҷми сармояи бевосита 82,4 млрд. доллари амрикоӣ ва маблағгузории портфелӣ 7,8 млрд. доллари амрикоиро ташкил намуда бошад, пас солҳои 1991-1995 баръакс, ҳаҷми сармояи портфелӣ якбора 80 млрд. долларро ташкил намуд.
Бояд зикр кард, ки содироти қисми зиёди маблағҳои молиявии дар боло зикргардида то имрӯз ба воситаи корпорасияҳои бузурги байналмилалӣ анҷом дода мешуд. Истифодаи ин маблағҳо вобаста ба мақсади корпорасияҳои бузург дар баробари таъмини пешрафти истеҳсолот натиҷаҳои манфӣ низ медод. Агар корпорасияҳои бузурги байналмилалӣ дар истеҳсолоти мамлакатҳои қарзгиранда таҷҳизоти навтарини техникиро ҷорӣ намуда, ҳосилнокии баланди меҳнатро таъмин намоянд, албатта пешрафти иқтисодии ин давлат таъмин карда мешавад ва баръакс, агар мақсади корпорация гирифтани даромади бисёртар бошад, вазъи иқтисодии мамлакати қарзгиранда рӯз аз рӯз бадтар шуда, вобастагии он аз давлатҳои қарздиҳанда меафзояд.
Дар даҳсолаҳои охири асри XX қисми зиёди сармояи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон бинобар истифодаи қувваи арзони корӣ, ашёи хоми маҳаллӣ барои таъмини пешрафти иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба инкишоф равона шуда бошад, пас аз соли 1990 оҳиста-оҳиста он маҷрои худро дигар намуд ва бо пешрафти соҳаҳои дақиқи истеҳсолот (истеҳсоли компютер ва барномаҳои таъминотии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор