Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§ 13.5. ЯПОНИЯ
Баъд аз мағлубият дар Ҷанги дуюми ҷаҳон соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти Япония, ки бештари онҳо пурра ҳарбӣ кунонида шуда буданд, якбора баста шуда, миллионҳо нафар коргарон бе ҷои кор монданд. Соли 1945 нисбат ба соли 1937 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамагӣ 28,5%-ро ташкил медод. Дар мамлакат азнавбарқароркунии саноат беҳад суст ҷараён дошт.
Агар соли 1948 ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатии давлатҳои мағлубшуда, ба монандӣ Германия, Италия ба дараҷаи истеҳсоли солҳои пешазҷангӣ расонида шуда бошад, дар Япония ин нишондиҳанда ҳамагӣ 52 фоизро ташкил медод. Соҳаҳои саноати сабукро низ пурра аз нав эҳё кардан лозим меомад. Солҳои баъдиҷангӣ истилои қувваҳои ҳарбии ШМА ва системаи ҷорӣ намудани муҳосираи иқтисодии онҳо имконият намедоданд, ки робитаҳои иқтисодии хориҷиро барқарор кунанд ва соҳаҳои саноатро бо ашёи хом таъмин намоянд. Илова бар ин, агар давлатҳои Европа барои барқарор намудани харобиҳои давраи ҷанг мувофиқи нақшаи Маршалл бештар аз 29 млрд. доллари америкой қарз гирифта бошанд, Япония аз чунин қарзҳо маҳрум буд. Солҳои баъдиҷангӣ кӯмаки асосии давлатҳои мутараққии он замон танҳо дар ёрии башардӯстонае ифода меёфт, ки ҳаҷми он 2,2 млрд. долларро ташкил медод.
Бо вуҷуди вазъияти баъд аз ҷанг баамаломада вазъи иқтисодии мамлакатро бекурбшавии пул ва тезу тунд шудани вазъи сиёсӣ боз ҳам харобтар менамуд.
Соли 1952 нисбат ба соли 1945 қурби пули Япония 1500% паст фаромад. Ҳатто ислоҳоти пулие, ки соли 1946 гузаронида шуда буд, ин вазъиятро мӯътадил карда натавонист.
Ҳамин тариқ, иқтисодиёти Япония баъд аз якчанд соли ба охир расидани ҷанг ҳам ба чунин проблемаҳои рӯбарӯмада, ба монанди камчинии мол, бекурбшавии пул, афзудани миқдори субсидияҳои давлатӣ барои барқарор намудани фарқияти нархи мол ва ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор