Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

мувозинат даровардани қисми даромад ва хароҷоти буҷет роҳи халосиро наёфта буд. Бо мақсади ҳарчи тезтар ҳаллу фасл намудани ин проблемаҳои ҷойдошта гурӯҳҳои пешқадами зиёиёни Япония ду самти стратегии гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро интихоб намуданд.

  1. Самти стратегии "дарҳои кушода"

Ҳукумати Япония аз солҳои 1949 сар карда, сиёсати дарҳои кушодаи бозори мамлакатро эълон намуд ва оҳиста-оҳиста назорати марказонидашудаи давлатиро аз болои корхонаҳои истеҳсолӣ, системаи нархгузорӣ ва нарх, тақсимоти молҳои муҳими истеҳсолӣ ва истеъмолӣ бекор намуд.

Гардиши асъори хориҷӣ дар муомилоти мамлакат қатъиян манъ шуда буд. Дар мамлакат барои мӯътадил намудани вазъияти иқтисадӣ ва молиявии кишвар, муҳофизати аҳолӣ аз беқурбшавии асъори миллӣ дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти пулӣ йени дар муомилотбудаи кӯҳнаро бо йени нав ва бо таносуби як ба як иваз намуд. Дар баробари ин пардохт аз пасандозҳои бисёри аҳолӣ муваққатан дар бонкҳо маҳдуд гардонида шуда, таносуби қурби йен бо доллари американӣ ва дигар асъорҳои шинохтаи ҷаҳон бо мақсади мутобиқ намудани арзиши аслии молҳои содироти мамлакат бо нархҳои бозори ҷаҳонӣ муайян карда шуданд.

  1. Самти стратегии либерализатсия дар сохтори давлатдорӣ.

Дар ин марҳила амалӣ кунонидани талаботи ташкилотҳои байналмилалиро оид ба ҳарчи бештар додани озодӣ барои мустақилона идора намудани идораҳо сар карда буданд.

Босуръат тараққӣ ёфтани истеҳсолот, авҷгирии рақобати соҳавӣ, бонуфуз гаштани институтҳои молиявӣ, авҷгирии тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд. Чунин шароит Ҳукумати Японияро водор намуд, ки дар баробари пурқудратшавии иқтисодиёти мамлакат аз принсипҳои сахти идоракунии марказӣ даст кашида, барои худидоракунии истеҳсолот шароит муҳайё намояд.

Иқтисодиёти Япония дар рафти гузаронидани ислоҳот пурра барои гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ тайёр карда шуда буд.

пешина
аз 785
навбатӣ