Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар баробари чораҷӯҳо Ҳукумати Япония роҳбарияти окупатсионӣ баъдиҷангӣ аз милликунонии истеҳсолот даст кашида, барномаи аз навбарқароркунии мамлакатро, ки дар таърихи Япония ҳамчун "Самти баргашт" хеле машҳур аст, шурӯъ намуданд. Барои харҷи тезтар амалӣ шудани барномаи "Самти баргашт" шикасти сиёсати ШМА оид ба татбиқи барномаи "гомендан"-и, ки нисбати Хитой тайёршуда буд, сабаб гардид.
Мувофиқи ин барнома Хитой мебоист дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ бо кӯмаки иқтисодии ШМА ва захираҳои бои худ ба яке аз давлатҳои тараққикардаи Осиё табдил меёфт, аммо инқилоби халқии Хитой ва ба сари қудрат омадани ҳизби коммунисти Хитой бо сардории Мао Сзе Дун ҳамаи ин мақсадҳоро барбод дод.
Дар натиҷаи таҳлили давлатҳои Осиё олимон ва Ҳукумати ШМА ба хулосае омаданд, ки татбиқи ин барномаро баъди аз даст додани Хитой танҳо ба Япония раво дидан мумкин аст.
Дар асоси ин барнома Япония якбора аз рақиб ба иттифоқчии ШМА табдил ёфт. Мақсади асосии барномаи "Самти баргашт" дар минтақаи Осиё бо иштироки буржуазияи Япония дар мадди аввал ёфтани иттифоқчии стратегии худ ва баъдан бо кӯмаки иқтисодии ШМА аз Японияи қафомонда, бунёд намудани "Корхонаи азими минтақаи Осиё" буд. Барномаи "Самти баргашт" дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ аз тарафи сармоядорони Америка Ҷ. Доҷ ва К. Шоуп ба Ҳукумати ШМА пешниҳод шуда буд. Дар асоси ин барнома Япония аз соли 1946 сар карда, то соли 1952 дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар сохтори давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шуда, роҳи аз системаи амалкунандаи тоталиторию ҳарбӣ ба иқтисодиёти бозорӣ гузаштанро пеш гирифт. Дар рафти гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бештар барои равнақу ривоҷ ёфтани шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ эътибори калон дода мешуд. Дар асоси ин принцип 18 холдинги (дзайбайсу) калонтарине, ки тамоми консерн ва ширкатҳои хусусиро назорат менамуданд, барҳам дода шуданд.
Раванди демонополизатсия соҳаҳои истеҳсолоти бузург ва ширкатҳои тиҷоратиро низ дар бар гирифт. Тамоми саҳмияҳои онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор