Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

"Марубени" 123,2 млрд. доллар, "Митсубиси" - 121,5 млрд. доллар,
"Ҷенерал Моторс" 110 млрд. доллар, "К.ИТО" 104,7, млрд. доллар,
"Сумитомо" 97,3 млрд. долларро ташкил менамояд.

Ислоҳоти иқтисодӣ соҳаи кишоварзиро низ фаро гирифт.
Солҳои 1947-1950 дар Япония ислоҳоти замин гузаронида шуд. Дар асоси он давлат тамоми заминҳоро аз заминдорон харида, ба деҳқонони иҷоракор тақсим карда дод. Меъёри замини тақсимшаванда дар ҳаҷми на кам аз як гектар ба як оила муайян шуда буд. Дар натиҷа дар муддати хеле кӯтоҳ заминдор ҳамчун синф аз байн рафт. Ба ҷои он дар ҷамъият яккахоҷагиҳои деҳқонии хусусии соҳиби замин пайдо шуданд. Ширкатҳои навбунёд қувваҳои арзони дохили мамлакати худро истифода бурда, аз рӯзҳои аввал роҳи хусусигардонии истеҳсолотро пеш гирифтанд. Дар андак мӯҳлат дар мамлакат аз бозичаҳои пластикии бачагона ва молҳои майдачуйдаи чарчинворӣ сар карда, то асбобҳои калони рӯзгор ва олотҳои техникии барои истеҳсолот лозимиро дар корхонаҳои хусусигардонидашуда истеҳсол мекардагӣ шуданд. Соли 1950 бо пешниҳоди Ҷ. Доҷ, ки он солҳо сарвари бонки "Детройт" буд, ислоҳоти куллии буҷети Япония гузаронида шуд. Дар асоси ин ислоҳот:

истифодаи баҳшҳои буҷети давлат дар асоси принсипҳои
ҳаммутобиқкунӣ татбиқ шуда, роҳ надодан ба касри ин моддаҳо
пешбинӣ гардида буд,

маблағҷудокунӣ барои пардохти хароҷоти конверсияи аз
меъёр зиёд дар заводҳои ҳарбӣ тамоман манъ шуда буд,

додани субсидия ба корхонаҳои зараровар низ қатъиян манъ
гардида буд,

эмиссияи пули барои муомилот лозимӣ таҳти назорат қарор
дода шуда буд,

қурби устувори асъори дохилии Япония қабул карда шуд,

ба ҳамаи корхонаҳо ва бонкҳои Япония барои иштирок ва гузаронидани амалиёти худ дар бозори хориҷӣ ҳуқуқ дода шуд.

Дар натиҷаи татбиқи ин принсипҳо дар кӯтоҳтарин мӯҳлат
раванди беқурбшавии пули Япония манъ карда шуда, назорат аз

пешина
аз 785
навбатӣ