Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
болои нарх бардошта шуд. Ин маънои дар иқтисодиёт пурра ҷорӣ шудани муносибатҳои бозориро дошт.
Омили асосии ин пешравӣ дар он зоҳир шуда буд, ки солҳои баъдиҷангӣ қисми муайяни маблағи барои бунёд ва нигоҳ доштани қувваҳои ҳарбӣ пешбинишудаи буҷети давлат ба равнақу ривоҷи истеҳсолот равона карда шуд, зеро мувофиқи моддаи 9 Конститутсия Ҳукумати Япония ҳуқуқи истифодаи қисми муайяни буҷети давлатро барои бунёд ва нигоҳ доштани қувваҳои ҳарбии худ надошт. Бинобар ин сабаб дар Япония то имрӯз қувваҳои доимиамалкунандаи ҳарбӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ вуҷуд надоранд.
Соли 1954 ба сабаби саршавии ҷанги дохилӣ дар Корея, ки дар натиҷаи он Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея бунёд гардид, ҳукумати Япония барои танҳо ҳифзи сарҳадоти худ аз ҳисоби кормандони политсияи давлатӣ қувваҳои худмуҳофизатро ташкил дод. Бо вуҷуди ин шумораи начандон зиёди кормандони қувваҳои худмуҳофизат (соли 1999 250 ҳазор нафарро ташкил мекард) солҳои охир барои пурра таъмин намудани онҳо бо яроқи ҳозиразамон ҳар сол 6,5 фоизи буҷети давлат равона карда мешавад. Муваффақиятҳои калон дар бозсозии иқтисодӣ роҳбарияти мамлакатро водор намуд, ки роҳҳои барҳам задани қафомонии техникии Японияро аз мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ҷӯяд.
Таҳлили вазъияти воқеӣ нишон дод, ки барои расидан ба
дараҷаи техникии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ба Япония нерӯи зеҳнӣ
ва меҳнати бисёре лозим. Дар баробари ин аз ҷиҳати ҷуғрофӣ аз
қитъаҳои асосии ҷаҳон канда будани нимҷазираи Япония роҳбарияти
ин мамлакат мебоист истеҳсолотро ба по монда, тамоми соҳаҳои
саноатро ривоҷ диҳад. Иҷрои ин нақша, албатта, кори осон набуд,
зеро дар ҳудуди ин мамлакат ашёи хоми минералӣ, захираҳои
фаровони маъдан, нафт ва сарватҳои зеризаминӣ хеле маҳдуд ё
тамоман вуҷуд надоранд. Баҳри таъмини истеҳсолот бо ашёи хом
мебоист давлат соҳаҳои нақлиётсозиро тараққӣ медод. Равнақу
ривоҷёбии соҳаҳои гуногуни истеҳсолот боиси сараввал зиёд шудани
ҷойи кор, музди баланди меҳнат ва васеъ гардидани доираи бозори
дохилӣ мешуд. Дар татбиқи ин нақшаҳо ва гузаронидани бозсозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор