Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Қабули Кодекси меҳнат, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти озоди иттифоқҳои касаба, гузаронидани ислоҳоти мактаб, ки дар асоси он ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос замина гузошта буд, мисол шуда метавонанд.

Аз рӯи Кодекси меҳнат ба роҳбарони корхонаҳо дар интихоби коргарон ба тариқи гузаронидани тест иҷозат дода шуда буд. Дар баробари серталабӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои нави истифодабарии коргарон кодекси меҳнат аз роҳбарони корхонаҳо дар сари вақт додани музди меҳнат, муҳайё кардани шароити хуби кор, таъмини хӯрок ва бехатарии истеҳсолотро талаб менамуд.

Ҳукумати Япония барои бевосита назорат намудани рафти иҷрои бандҳои кодекси меҳнат ба иттиҳоди касабаи корхона ҳуқуқҳои зиёдеро додааст. Ширкатҳои бузурги амалкунандаи Япония, чун «Мисубиси», «Сони», «Санё», «Тошиба» ва ғайра иттифоқҳои касабаи худро доранд. Агар ба сабаби норозигие коргарони ширкати «Тошиба» корпартоӣ кунанд, ин боиси хурсандии коргарони ширкати «Сони» гардида, онҳоро ба ҳарҷи бештар истеҳсол намудани мол ба меҳнати пурсамару босуръат шавқманд мекунанд.

Ҳар як ширкат бо либоси рангҳои мухталиф ва бо нишони махсуси худ фарқ мекунанд. Барои кормандон пӯшидани ин либос ва корманди ин ширкатҳо будан ифтихор аст.

Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон дар корхонаҳои истеҳсолӣ, маҳалҳои истиқоматӣ синфҳои махсус бо таҷҳизоти ҳозиразамон кушода шудаанд. Дарҳои ин синфҳо барои соҳибкорон, менеҷерон, инженерон, техникҳо, интеллигенсия ва умуман кормандону мутахассисони баландихтисос доимо кушода аст.

Баҳри рушду камоли иқтисодиёти Япония барномаи махсуси ҳукумат оид ба тараққӣ додани соҳаҳои истеҳсолоти маҳаллие, ки бо молҳои худ талаботи ҳаррӯзаи аҳолиро таъмин менамояд, нақши бузургеро бозидааст. Дар асоси татбиқи ин барнома баробари пурра барҳам додани сафи бекорон таъмини талаботи ҳаррӯзаи аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва аз байн бардоштани қашшоқӣ

пешина
аз 785
навбатӣ