Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муяссар гардид. Ҳамин тариқ, Ҳукумати Япония дар давоми 30 соли баъдиҷангӣ тавонист, кишвари худро аз як мамлакати қашшоқе, ки тамоми сармояашро ба роҳи ҳарбикунонии мамлакат равона карда буд, ба як давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ абарқудрати ҷаҳон табдил диҳад.

Ҳоло Япония бо дараҷаи баланди қувваҳои истеҳсолкунандаи худ, бо иқтидори илмию техникии худ, бо боигарӣ ва дараҷаи баланди зиндагии аҳолии худ дар миқёси ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамояд.

Иқтидори Япония ва дараҷаи баланди истеҳсолии он солҳои 80-ум баръало намоён гардид. Дар ин солҳо тиҷорати хориҷии Япония чунон бузургсатҳ авҷ гирифта буд, ки мислашро таърихи ҷаҳон надида буд. Дар мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ молҳои серталаби истеҳсоли корхонаҳои Японияро дар бозори тамоми мамлакатҳои ҷаҳон дидан мумкин буд. Молҳои истеҳсоли корхонаҳои Японияро аз ҷиҳати нозукии сохти мол, дараҷаи баланди сифат, бунёди сервиси онҳо ва мӯҳлатҳои дарози истифодаи кафолатноки онҳо халқҳои тамоми ҷаҳон дӯст доштанд ва орзуи харидани онҳоро доранд. Дар байни халқ машҳур шудани телевизорҳои гуногун, радиолаҳо, системаҳои акустикӣ, асбобҳои мусиқии барқӣ, дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва либосшӯй, асбобҳои рӯзгор, мошинҳои сабукрав ва таҷҳизоти техникии Япония яке аз сабабҳои афзудани ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин мамлакат гардид. Чунин шароит Японияро аз ҷиҳати афзоиши ҳаҷми тиҷорат яку якбора дар ҷаҳон ба ҷои дуюм, баъд аз ШМА баровард. Иқтисодчиёни ҷаҳон дар натиҷаи таҳлили чуқури барномаҳои иқтисодии мамлакатҳои алоҳидаи ҷаҳон ва суръатгирии кооператсияи истеҳсолии байналмилалиро ба назар гирифта, ба хулосае омаданд, ки тиҷорати байналмилалӣ дар ҷаҳон соли 2003 - 50 фоиз афзуда, тахминан ба 7 триллион доллари америкой мерасад.

Бояд қайд намуд, ки дар ин ҳаҷми муомилот зиёда аз 50 фоизи онро тиҷорати байни ШМА, Япония ва Германия ташкил менамояд (Wall-street Jornal, Februal 1993).

Дар байни давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ки талаботи иқтисодиёти бозориро пурра таъмин кунонидаанд, шарики асосии

пешина
аз 785
навбатӣ