Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
барои харидани мошин ва таҷҳизоти механикӣ, 15,2% барои харидории озуқа, 10,1% барои маҳсулоти нафт, 8,1% барои маҳсулоти бофандагӣ, 7,4% барои химикатҳо, 5,2% барои маснуоти фулузӣ, 3,5% чӯбу тахта, 2,7% барои металлҳо ва 26,1% маҳсулоти дигар сарф карда мешавад.
Япония бо бисёр давлатҳои ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад, аммо 30 фоизи содирот ва 23 фоизи воридоти он бо ШМА сурат мегирад. Дар баробари ШМА дигар шарикони муҳими тиҷоратии Япония давлатҳои ҳамсоя Австралия, Хитой, Гонконг, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур, Тайван ва Таиланд, инчунин Канада, кишварҳои Европа, бештар Германия ва Британияи Кабир ба шумор мераванд.
Ширкатҳои зиёди Япония дар дигар кишварҳои ҷаҳон истеҳсоли маҳсулоти худро ба роҳ мемонанд. Ҳаҷми маблағгузории солонаи онҳо барои бунёди корхонаҳо ва намояндагиҳо 35-40 млрд. долларро ташкил медиҳад. Бештари ин маблағҳо дар кишварҳои Америкаи Шимолӣ, давлатҳои Европа, Осиё ва Америкаи Лотинӣ ҷойгиронида мешаванд.
§ 13.6. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Япония
Муносибатҳои Тоҷикистону кишвари бузурги Япония таърихи қадима доранд. Корвонҳои ду давлат бо истифода аз роҳҳои хушкии Хитою Корея рафтуомад намуда, дар баробари зиёд намудани ҳаҷми муомилоти тиҷоратии байнидавлатӣ бо фарҳангу ҳунари якдигар ошно мегардиданд. Тоҷикон тамоми нозукиҳои парваришу коркарди пилла ва аз он истеҳсол намудани газворҳои абрешиминро аз япониҳо омӯхтаанд. Робитаҳои бавоситаи Тоҷикистон солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шуда буд. Япониҳо ба табиати хеле зебою манзараҳои дилрабо ва набототу ҳайвоноти сарзамини тоҷикон мароқи зиёд зоҳир менамуданд. Тоҷикматлубот он солҳо бо супориши идораҳои марказии дар ш. Москва воқеъбудаи "Центрсоюз" ҳар сол ба Япония пашм, пӯст, алафҳои доруворӣ, решаҳои ширинбия, геран, хуч, тамоку, нахи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор