Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
пахта ва газворҳои пахтагин фиристода, бар ивази онҳо маҳсулоти саноатии япониро ворид менамуданд.
Япония яке аз мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳамкорӣ бо чунин кишвар, ки дастовардҳои хоҷагии халқи онро ба ҳайси як "мӯъҷизаи иқтисодӣ" эътироф кардаанд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад.
Япония истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 декабри соли 1991 ба расмият шинохт ва муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 2 феврали соли 1992 барқарор шуданд.
Моҳи январи соли 1994 Ҳукумати Япония кӯмаки нахустини башардӯстонаро ба маблағи 2,5 млн. доллари амрикоӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид. Бояд қайд кард, ки аз рӯзҳои нахустини барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба, Япония яке аз аввалин кишварҳое буд, ки раванди демократикунонии ҷомеа, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои иқтисодии онро ҳамаҷониба дастгирӣ намуд.
Соли 1996 Ҳукумати Япония сиёсати "Роҳи абрешим"-ро қабул кард, ки мутобиқи он Япония омодагии хешро барои густариши ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор кард. Ин мазмун дар паёми Сарвазири ҳамонвақтай Япония Рютаро Хасимото ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов низ баён ёфта буд. Пас аз қабули ин сиёсат раванди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ривоҷу равнақ ёфтанд.
Ҳамин тавр, моҳи январи соли 1996 ҳайати идораи сиёсати хориҷии Япония бо роҳбарии Сафир оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором ҷаноби Хиромото Сэки ба Душанбе ташриф овард. Ӯ паёми Ҳукумати Японияро нисбати омодагии Япония оид ба расонидани кӯмаки иловагии башардӯстона ба миқдори 2,5 млн. доллар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид. Моҳи июни соли 1996 Япония ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ имтиёзҳои гумрукӣ пешниҳод кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор