Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Як гурӯҳи давлатҳои рӯ ба инкишоф вобаста ба шароитҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакати худ модели тараққиёти саноатии ба таъмини истеҳсолоти дохилӣ равонагардидаро интихоб намуда бошанд, гурӯҳи дигари давлатҳо модели инкишофи истеҳсолетеро, ки маҳсулоти он бевосита барои содирот пешбинӣ гардидааст, интихоб карданд.
Афзалияти модели якум аз он иборат аст, ки давлатҳои рӯ ба инкишоф бояд пеш аз ҳама, дар ҳудуди давлати худ вобаста ба маводи аввала ва ашёи хоми худ саноати вазнин, сабук ва саноати хӯроквориро бо мақсади пурра таъмин кардани талаботи аҳолии худ инкишоф дода, баъдан ба масъалаҳои содирот шурӯъ менамоянд.
Албатта, маълум буд, ки ин модел дар баробари сафарбар намудани захираҳои дохилии мамлакат ҳамчунин ҷалби сармояи зиёди хориҷиро талаб мекунад. Амалӣ шудани ин модел бо вуҷуди якчанд панҷсоларо талаб намуданаш, давлатҳои рӯ ба инкишофро аз воридоти номгӯи зиёди молҳои рӯзгор, пӯшок ва маҳсулоти хӯрокворӣ, ки асъори хориҷиро талаб мекунад, озод намуда, аҳолии мамлакатро бо кор таъмин ва сатҳи зиндагии онро баланд менамояд.
Модели дуюм низ барои бисёр давлатҳои рӯ ба инкишоф бинобар надоштани шароити бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, қобили қабул буд.
Тамоми молҳои саноати маҳаллиро, ки бозорҳои давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба онҳо ниёз доранд, аз тариқи ширкатҳои азими миёнарави ҷаҳони капиталистӣ содир мекарданд. Бисёр давлатҳои Африка, Осиё бошанд, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол шудан бо маҳсулоти соҳаи кишоварзии кишвари худ, меваҳои субтропикӣ ба тамоми бозорҳои ҷаҳон роҳ ёфта, баробари шинохта шудани маҳсулоташон аз паи бунёди саноати махсусгардонидашудаи байналмилалӣ шуда, бо асъори аз фурӯши маҳсулоти худ бадастоварда пешрафти истеҳсол ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии аҳолии кишвари худро таъмин мекарданд. Аз байни давлатҳои рӯ ба инкишоф аввалин шуда Тайван, Кореяи Ҷанубӣ фаъолияти корхонаҳои худро барои истеҳсоли молҳои содиротӣ омода карда, дар баробари суръатбахшии ҷараёни бозсозии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор