Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
иқтисодиёт ба модернизатсияи сектори аграрӣ аҳамияти калон медоданд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани чунин сиёсат ин ду давлат солҳои 70-уми асри ХХ ба дараҷаи баланди рақобатнокии маҳсулоти худ ноил гашта, мавқеи давлатҳои дигари ҷаҳонро чӣ дар бозори худ ва чӣ дар бозори ҷаҳонӣ танг менамуданд. Пештар ин давлатҳо чун давлатҳои Осиё хеле машҳур гашта буданд, вале дар даҳсолаҳои охири асри ХХ дар иқтисодиёти ҷаҳон онҳоро давлатҳои нави саноатӣ меномидагӣ шуданд. Дар тӯли ду даҳсолаи охир шумораи давлатҳои нави саноатӣ аз ҳисоби Малайзия, Таиланд, Индонезия зиёд шуд.
Дар роҳи амалӣ намудани ин ду модели тараққиёт масъулияти давлатҳои рӯ ба инкишоф хеле бузург аст. Давлат аз рӯзҳои аввали саноатикунонии мамлакат дар баробари интихоби дурусти самти пешрафти иқтисодӣ тамоми масъалаҳои вобаста ба бунёди инфраструктураи ҳозиразамон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷамъият ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро ба зиммаи худ гирифта буд. Давлат дар баробари ҳаматарафа вусъат додани соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ба қудратнокшавии моликияти хусусӣ дар давлати худ ҳаматарафа кӯмак мерасонид. Дар натиҷаи бозсозиҳои иқтисодӣ дар мӯҳлати начандон калон пешрафти босуръати иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба инкишоф баръало дида мешуд.
Масалан, агар соли 1950 шумораи аҳолии давлатҳои рӯ ба инкишоф (бидуни Хитой) 1089 млн. ё 43,4% аҳолии кураи Заминро ташкил намуда бошад, соли 1997 ин рақам ба 3392 млн. расид. Ҳаҷми ММД мувофиқан 1220 млрд. доллари ШМА ё 21,7% ҳаҷми умумии ММД-и ҷаҳон ва 11130 млрд. доллари ШМА ё 32,3% ҳаҷми умумии ММД ҷаҳонро ташкил медод.
Баланд шудани нуфузи давлат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ боиси бедоршавии миллат ва афзудани ҳисси миллии он барои бунёди корхонаҳои миллӣ, муттаҳид намудани сармояи дохилӣ ва зиёд шудани иқтидори молиявии мамлакат гардид.
Дар баробари ин онҳо аз ҷараёнҳои нави ҳамгироие, ки дар қитъаҳои алоҳидаи дунё барои пешрафти давлатҳои аъзои он кӯмак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор