Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

бошад), ҳаҷми содироти молҳои саноатӣ ва таносуби он дар ҳаҷми умумии содирот, ҳаҷми сармояи бевоситаи дар хориҷ гузошта мебошад.

Аз таҷрибаи даҳсолаҳои охири асри XX бармеояд, ки нишондиҳандаҳои давлатҳои нави саноатӣ аз меъёрҳои давлатҳои саноатии ҷаҳон ҳам пеш гузаштанд.

Масалан, агар суръати солонаи афзоиши иқтисодиёти минтақаи Осиё дар тӯли 30 соли охир 5%-ро ташкил намуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар ҳудуди давлатҳои Европа ҳамагӣ 2%-ро ташкил намудаасту халос.

Аз ҷиҳати муносибатҳои иқтисодӣ давлатҳои рӯ ба инкишоф баъд аз соли 1990 ба яке аз қувваҳои бузурги дунё табдил ёфтаанд. Соли 1990 ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии ММД-и ҷаҳонӣ 16,6%-ро ташкил намуда буд. Ҳаҷми солонаи тараққиёти истеҳсолоти саноатӣ соли 1992 нисбат ба соли 1980 агар дар давлатҳои тараққикарда 2,1%-ро ташкил намуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар давлатҳои рӯ ба инкишоф 2,8%-ро ташкил дода буд.

Агар ин нишондиҳанда дар қитъаи Африка паст бошад, пас дар қитъаи Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Уқёнуси Ором нисбатан баландтар буд. Чунин тамоил, дере нагузашта, дар баробари мӯъҷизаи Япония ба сар задани мӯъҷизаи "аждаҳои осиёгӣ", ки ба ин гурӯҳ Кореяи Ҷанубӣ, Гонконг, Тайван, Сингапур дохил мешаванд, сабаб шуд.

Дар байни давлатҳои номбурда Кореяи Ҷанубӣ бо дараҷаи баланди истеҳсолот (20 соли охир 8%-и солона) ва қобилияти дар бозори ҷаҳонӣ рақобат намудани маҳсулоти истеҳсол намудааш нақши махсусе мебозад. Омӯхтани таҷрибаи индустриализатсия имрӯзҳо на танҳо барои давлатҳои рӯ ба инкишоф, балки ба тамоми давлатҳои ҷаҳон (аз ҷумла, ба давлатҳои навбунёд) мактаби бузурги ҳаётӣ ба шумор меравад.

Таҷрибаи Кореяи Ҷанубиро дастрас намуда, аз соли 1990 инҷониб иқтисодиёти Хитой бо суръати хеле баланд тараққӣ карда истодааст. Афзоиши солонаи истеҳсолот дар тӯли даҳ соли охири

пешина
аз 785
навбатӣ