Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
бозсозӣ 10-12%-ро ташкил менамояд, ки мислашро иқтисодиёти ҷаҳон надида буд.
Дар баробари Хитой дар ин солҳо байни кишварҳои Осиё давлати калонтарини ҷаҳон - Ҳиндустон барномаҳои бозсозии худро амалӣ намуда, ба комёбиҳои бузург ноил гашт.
Афзоиши босуръати иқтисодиёти давлатҳои нави саноатии қитъаи Осиё ва Америкаи Лотинӣ дар асоси истифодаи дастовардҳои техникии ҳозиразамон, таъмини баланди сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноати коркард ва инфраструктура, вусъат додани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо давлатҳои боқимондаи рӯ ба инкишоф мушоҳида карда мешуд.
Масалан, солҳои 1985-1990 ҳаҷми муомилоти кишварҳои минтақаи Уқёнуси Ором якбора аз 34,2 то ба 88,6 млрд. доллари ШМА афзуда буд. Зиёда аз се як ҳиссаи ин муомилот ба мамлакатҳои Гонконг, Сингапур, Тайван рост меомад. Дар баробари ин ислоҳоти молиявӣ ва танзимкунии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ боиси ҷалби сармояи бевоситаи хориҷии хусусӣ гардида, барои авҷгирии сектори расмии иқтисодиёт шароити фаровони иловагӣ фароҳам овард.
Чунин вобастагӣ буд, ки дар бобати ба роҳ мондани иқтисодиёти давлатҳои Америкаи Лотинӣ маблағҳои ҷудошуда бо дарназардошти захираи бои табиӣ, пеш аз ҳама, ба ривоҷ додани соҳаҳои масолеҳталаби истеҳсолот ва сармояталаби саноати коркард ва саноати маъдан бо истифодаи соҳаҳои дорои технологияи баланди истеҳсолот равона карда мешуданд.
Аз ин ҷиҳат, баҳри осон намудани самти интихоби маблағгузорӣ барои сармоядорони хориҷӣ дар асри XXI олимони иқтисодшинос давлатҳои нави саноатиро вобаста ба мавқеи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳиссаи ҳаҷми содирот дар маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ба панҷ гурӯҳ тақсим намудаанд:
- Давлатҳои нави саноатии дорои иқтисодиёти пӯшида (ҳиссаи содирот дар МММ- 10%) - Аргентина, Бразилия;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор