Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Давлатҳои нави саноатии дорои иқтисодиёти нисбатан пӯшида (ҳиссаи содирот дар МММ аз 10% то 19%) - Мексика, Ҳиндустон;

  2. Давлатҳои нави саноатии дорои иқтисодиёти нимкушода (ҳиссаи содирот дар МММ аз 20% то 24%) - Туркия, Кипр;

  3. Давлатҳои нави саноатии дорои иқтисодиёти нисбатан кушода (ҳиссаи содирот дар МММ аз 25%-то 34%) - Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Гонконг, Индонезия;

  4. Давлатҳои нави саноатии дорои иқтисодиёти кушода (ҳиссаи содирот дар МММ зиёда аз 35%) - Сингапур, Малайзия, Таиланд, Тунис, Филиппин.

Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки давлатҳои нави саноатии Осиё нисбат ба давлатҳои нави саноатии Америкаи Лотинӣ бештар иқтисодиёти мамлакати худро барои вориди мол, таҷҳизот, олотҳои техникӣ кушода эълон намуда, пешрафти соҳаҳои гуногуни саноатро дар ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебинанд.

Дар баробари ҷалби сармояи хориҷӣ аз аввалҳои соли 1980 сар карда, давлатҳои нави саноатӣ ба татбиқи дастовардҳои илм ва техника шурӯъ намуданд. Барои ҳавасманд намудани ширкатҳои бузурги ҷаҳони капиталистӣ дар ҳудуди давлатҳои худ минтақаҳои махсуси иқтисодиро бунёд намуда, барои вориди сармояи хориҷӣ, татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ тамоми шароитҳоро фароҳам оварданд.

Воридоти маводи аввала, таҷҳизоти технологӣ, назариявии пешқадам ба минтақаҳои махсус бидуни андозҳои воридотӣ ба роҳ монда шуда, содироти бештари молҳои истеҳсолшуда аз тарафи роҳбарияти давлатҳои нави саноатӣ ҳавасманд карда мешуд.

Дар ҳудуди минтақаҳои махсуси иқтисодӣ, ба бунёди марказҳои илмӣ эътибори хосае дода мешуд. Ихтироот ва татбиқи онҳо барои ҳарчи бештар истеҳсол намудани молҳои истеъмолӣ ва дараҷаи баланди технологӣ ҳаматарафа ҳавасманд карда мешуданд.

Фароҳам овардани шароитҳои имтиёзноке, ки нисбат ба маблағгузорӣ дар давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон фоидаи бештаре медод, роҳбарияти ширкатҳои бузурги ҷаҳонро дар канор намемонд.

пешина
аз 785
навбатӣ