Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бӯҳрони молиявии охирҳои даҳсолаи асри ХХ рӯйдода, ки тамоми давлатҳои минтақаи Осиёро фаро гирифта буд, ҷаҳони капилистиро ба ташвиш овард.

Соли 1996 паст шудани афзоиши ММД дар Кореяи Ҷанубӣ ба муфлисшавии садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ оварда расонид.

Моҳи июни соли 1997 бӯҳрони молиявии Таиланд боиси якбора паст шудани қурби пули миллӣ нисбат ба доллари американӣ, хароб шудани сектори молиявӣ ва корпоративӣ гардида, ба таназзули иқтисодиёти ин давлат оварда расонд. Бар замми бӯҳрони молиявии Кореяи Ҷанубӣ ва Таиланд нимсолаи дуюми соли 1998 бӯҳрони бонкии Япония тамоми соҳибкорони ШМА-ро маҷбур сохт, ки сиёсати сармоягузории худро дигар намуда, аксарияти сармояи худро ба қитъаи Америкаи Лотинӣ интиқол диҳанд. Дар ин солҳо ба иқтисодиёти танҳо Бразилия 9 млрд. доллари ШМА ворид карда шуд, ки ин нисбат ба солҳои пеш 2,5 маротиба зиёд буд.

Ҳукумати Бразилия иқтисодиёти худро аз бӯҳрони иқтисодии авҷгиранда эмин нигоҳ дошта натавонист. Авҷгирии бӯҳрони бонкии Япония, вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодии Россия, бозиҳои сармоягузорони нави хориҷӣ, хариду фурӯши ҳаннотонаи коғазҳои қиматнок боиси якбора афтидани қурби саҳмияҳо гардиданд.

Чунин вазъият боиси танҳо дар соли 1997 аз Бразилия хориҷ гардидани 30 млрд. доллари ШМА гардид. Бонки марказии Бразилия зиёда аз 25 млрд. доллари захиравии худро барои мӯътадил кардани вазъияти баамаломада сарф намуд. Баҳри пешгирӣ намудани паҳншавии бӯҳрони молиявӣ марказҳои молиявии дунё маҷбур шуданд, ки барои мӯътадил намудани вазъи Бразилия 41,5 млрд. доллари ШМА кӯмаки молиявӣ расонанд. Дар баробари Бразилия аз бӯҳрони молиявии солҳои 1996-97 Индонезия низ зарари бузурги иқтисодӣ дид. Баъд аз беқурбшавии пули миллӣ аз байн рафтани бозорҳои молиявӣ, муфлисшавии бонкҳо, баста шудани корхонаҳо ва бекор мондани ҳазорҳо коргарон меъёри муқаррарӣ шуда буд. Ин бошад, тадриҷан ба бетартибию бесарусомониҳои дохилии сиёсию иҷтимоӣ оварда мерасонд.

пешина
аз 785
навбатӣ