Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бинобар бӯҳрони молиявӣ дар Индонезия зиёда аз 14-16%-и аҳолии ин мамлакат имрӯзҳо дар ҳолати қашшоқӣ умр ба сар мебаранд. Дар ин давра аксарияти давлатҳои нави саноатӣ бо вуҷуди дар минтақаи бӯҳрони иқтисодӣ қарор доштанашон иқтисодиёти худро аз таъсири бӯҳрон эмин нигоҳ дошта, зуд ба бозсозиҳои иқтисодӣ шурӯъ намуданд. Масалан, Кореяи Ҷанубӣ вазъи бонкҳои худро мӯътадил гардонда, захираҳои тилло ва асъори хориҷии худро аз 8 млрд. доллари охири соли 1979 дар охири соли 1998 то ба 48 млрд. доллари ШМА расонид.
Иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Шарқӣ (Малайзия, Таиланд, Филиппин) аз нав рӯ ба тараққӣ ниҳод. Бозорҳои молиявии онҳо оҳиста-оҳиста аз нав барқарор шуда, ҳаҷми амалиёти онҳо рӯз аз рӯз меафзуд.
Иқтисодиёти Малайзия баъд аз пурзӯр намудани назорат ба сармояи хориҷӣ аз аввалҳои соли 1999 рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҳамаи корпорацияҳои калони байнамилалӣ дар Таиланд ва Сингапур фаъолияти худро аз нав шурӯъ карда, ба кишвари худ сармояи зиёд ворид намуданд. Дар натиҷа дар ду соли охири асри ХХ истеҳсолоти давлатҳои нави саноатӣ суръати тоза гирифт.
Ба гурӯҳи дуюми кишварҳои рӯ ба инкишоф тамоми давлатҳое, ки дар ин давра дар мамлакати худ дараҷаи миёнаи даромаднокиро таъмин карда тавонистанд, дохил мешаванд. Хусусияти хоси ин гурӯҳ дар он аст, ки ба он дар баробари давлатҳои бузурги ҷаҳон, ба мисли Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Миср, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, давлатҳои истеҳсолкунандаи нафт - Эрон, Алҷазоир, Венесуэла, Либия, Габон, Нигерия, Индонезия давлатҳои аграрии қитъаи Осиё, Африка ва Америки Лотинӣ дохил мешаванд.
Ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолии ин гурӯҳи давлатҳо аз 9,85 ҳазор доллари ШМА (дар Чили) то 1,5 ҳазор доллари ШМА-ро (дар Ҳиндустон) ташкил медод.
Давлатҳои истеҳсолкунандаи нафт дар байни давлатҳои дорои дараҷаи миёнаи тараққиёт дар таъмини пешрафти иқтисодиёт нақши бузурге мебозанд. Соли 1977 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ, агар дар Эрон 6150 доллари амрикоиро ташкил намуда бошад, пас дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор